15:58 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
594 0 0

Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду зан, кормандони Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст, ки ба ивази маблағ тоза кардани маълумот аз махзани ин ниҳодро ваъда додаанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод аз муттаҳамон Исматшозода Зебуниссо, сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳқиқотчии ин раёсат Қумригул Раҷаб ном бурдааст.

Манбаъ афзуд, ин ду нафар дар он муттаҳам мешаванд, ки ҳангоми кор дар мақомҳояшон 8 сентябри соли 2020 дар бинои ВКД Тоҷикистон бо шаҳрванд “А” вохӯрда, аз охирин бораи аз маҳзани маълумотӣ тоза кардани иттилоъ дар бораи доғи судияш 1200 доллар талаб кардаанд.

Ба иттилои Ожонс, ин ду масъул ваъда додаанд, ба ивази маблағ аз махзани Сармаркази иттилооти таҳлилии ВКД Тоҷикистон маълумот дар бораи доғи судиро тоза мекунанд.

Ожонси зидди фасод афзуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Исматшозода ва Ҳалимзода баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 1200 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Таъкид шудааст, ки алайҳи муттаҳамон бо айби қаллобӣ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Феълан назари айбдоршавандаҳо ва ҷониби ҳимояашон дар бораи ин қазия маълум нест.

Барчаспҳо:
муттаҳам, қаллобӣ, боздошт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ