16:39 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
45 0 0

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии беш аз як миллиону 164 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Симосодоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе гуфт, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 945 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар кишвар шиносоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  аз ин теъдод 437 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот расонда шуд.

Маҷмӯи беморони COVID-19 дар кишвар ба як миллиону 372 ҳазору 977 нафар расидааст.

Лорӣ ҳамчунин бо баёни ин ки дар 24 соати гузашта 89 нафар аз беморони COVID-19 ҷони худро аз даст доданд , изҳор кард, ки маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 383 нафар расидааст.

То кунун як миллиону 164 ҳазору 794 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххасӣ шудаанд, таъкид намудааст ин мақомдори умури беҳдоштии Эрон.

Шумори афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 99 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 71 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтанд.

Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, фавт, вируси корона, вируси нав, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ