07:05 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (967)
2747 0 0

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ мегӯяд дар вилоят аз маризии коронаиврус танҳо 8 нафар ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Оморе, ки Вазорати тандурустӣ бобати наздики ду ҳафтаи бекоронаӣ дар Тоҷикистонро нашр мекунад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ тасдиқ намуданд.

Бар хабари котиботи раиси ВМКБ, аз авохири моҳи декабри соли 2020 ба ин сӯ, дар Бадахшон ягон мавриди гирифторшавии сокинон ба коронаиврус сабт нагардидааст.

Зимнан, манбаъ меафзояд, ки соли гузашта, аниқтараш аз замони авҷи ин маризӣ дар Тоҷикистон, дар ВМКБ 1 198 дардманди коронавирус сабт ва бистарии беморхона гардиданд.

Гузашта аз ин, 1 944 нафари дигар, ки гирифтори бемориҳои шадиди роҳҳои нафас буданд, низ ба қайди диспансерӣ гирифта шуданд.

Ба иттилои мақомоти ВМКБ, дар ин муддат танҳо аз маризии коронавирус 8 нафар фавтида, 52 бемори дигар аз маризии роҳҳои нафас ҷон бохтанд.

Буҳрону коронавирус монеа нашуд: дар 9 моҳ дар Тоҷикистон 106 корхонаи нав ифтитоҳ ёфт

Бояд зикр намуд, ки дар Тоҷикистон шумораи умумии қурбониёни коронавирус ба 90 нафар баробар аст. Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ ягон кас ба ин дард гирифтор нест ва Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат низ дар паёми солани худ ба Ҳукумат хабар дод, ки Тоҷикистон бар коронаиврус пирӯз шуд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (967)
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Бадахшон

Мавзӯъҳои асосӣ