03:55 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
826 0 0

Мақомоти Тоҷикистон дар ҷамъбасти соли 2020 гуфтанд, бархе аз мақомдорони давлатию тоҷирон бо сӯиистифода аз пандемия ба паҳни овозаҳои дурӯғу пулкоркунии ғайриқонунӣ даст задаанд

ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, бархе мақомдорон дорувориеро, ки барои ҷилавгирӣ аз коронавирус ҷудо шуда буданд, бо роҳи сохтакорӣ мефурӯхтанд.

Раҳмон аз ҷумла, Намиов.Ф, сарпарасти Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъро мисол овард, ки тариқи сохтакорӣ ба маблағи 74 ҳазору 582 сомонӣ доруеро, ки давлат барои  пешгирии паҳншавии COVID-19 ҷудо кардаст, ба шаҳрвандон фурӯхта, маблағи бадастомадаро ба манфиати шахсӣ харҷ намудааст.

Ҷазои беш аз 6 ҳазор нафар

Додситонӣ таъкид кард, ки аз натиҷаи санҷишҳо вобаста ба ин 5 ҳазору 765 нафар қонунвайронкунандагон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддию маъмурӣ кашида, нисбати 249 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ аз бархе афрод ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ аз вазъи пандемия истифода бурда, ба фиреби истеъмолкунандагон даст задаанд.

"Масалан, мудири анбори беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Муминов Н. аз ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” 15 дона либоси махсуси тиббиро ба маблағи 120 сомонӣ харидорӣ намуда, онро беасос ва ғайриқонунӣ бо нархи 250 сомонӣ фурӯхтааст”, - изҳор дошта буд Раҳмон.

Ӯ афзуд, сокини шаҳри Исфара Пӯлотов С. бошад, бе иҷозатномаи мақомоти давлатӣ ва бе таъмини шароити дахлдор ба истеҳсоли маҳлули тиббии антисептикӣ машғул гардида, маҳлули антисептикии қалбакӣ омоданамудаашро дар бозори шаҳр ба фурӯш бароварда будаст.

Мақомоти додситонӣ мегӯянд, назоратро дар ин самт таҳким мебахшанд.

Барчаспҳо:
мансабдор, тиҷорат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ