15:12 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (968)
191 0 0

Бори аввал, беморе пас аз сар гузаронидани маризии коронавируси навъи COVID - 19 аз қобилияти биноӣ маҳрум шуд

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Олимон аз Бритониё дар бораи як ҳолати мушкилоти ҷиддӣ пас аз бемории коронавирус нақл карданд.

Ҳамин тавр, беморе, ки COVID-19-ро аз сар гузаронид, комилан нобино шуд.

Ба гуфти коршиносон, чунин оқибати коронавирус бори аввал сабт шудааст.

Эпидемиологи "Роспотребнадзор", Наталя Пшеничная ба РИА Новости тасдиқ кард, ки феълан чунин ҳолат ягона аст. Пизишк гуфт барои хулоса кардани вобастагии коронавирусу нобиноӣ барвақт аст.

Қаблан мутахассисон дар бораи таъсири манфии сироят ба чашм изҳор доштанд. Ҷарроҳи чашм ва доктори илмҳои тиб, Татяна Шилова гуфт, ки коронавирус метавонад бемориҳо, аз қабили катаракта ва тағйирёбии оптикаи чашмро барангезад. Ба гуфтаи табиб, кам шудани нури чашни дар паи коронавирус аз эҳтимол дур нест.

Ғайр аз он, мутахассисон нишонаҳои коронавирусро, ки аксар вақт дар чашм мо пайдо мешаванд, ном бурданд. Ин пеш аз ҳама дард аст, ки замони кушодани чашм ва расидани нур ба он рух медиҳад.

Замони авҷи мавҷи сеюми коронавирус дар Русия муайян шуд

Дар марҳилаҳои аввали беморӣ, беморон аксар вақт аз хориш ва илтиҳоб шикоят мекунанд. Ба гуфтаи табибон, сурх шудани чашм аксар вақт ба коронавирус рабт надорад. Ин одатан конъюнктивитро нишон медиҳад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (968)
Барчаспҳо:
нобино, Ҷаҳон, вируси корона

Мавзӯъҳои асосӣ