18:49 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

СММ барои нобудсозии партовҳои сироятӣ ба муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб мавод барои муомилот бо партовҳои тиббиро дастрас намуд

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷиҳати муомилоти бехатар ва нобудсозии партовҳои сироятӣ ва паст намудани таъсири сирояти коронавируси COVID-19 ба муҳити атроф ва солимии аҳолӣ ба як қатор муассисаҳои тиббӣ маводҳо барои муомилот бо партовҳои тиббиро дастрас намуд.

Дар  доираи ин иқдом 20,000 қуттиҳо барои ҷамъоварии партовҳои тиббии гурӯҳҳои А, Б, В ва Г, 400 ҷуфт дастпӯшакҳои хоҷагидорӣ, 200 адад пешдоманҳои истифодаашон бисёркарата, 100 адад контейнерҳои махсус барои ҷамъоварии партовҳои хатарнок дастрас шуд.

Ин қуттиҳо ба муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб, Файзобод, Ҳисор, Шаҳринав (аз ҷумла ба 400 нафар занон-ҳамшираҳои шафқат) бо мақсади беҳтар намудани таҷрибаи муомилот бо партовҳои тиббӣ дар сатҳи беморхонаҳо ва таъмини пешгирии сирояти дохилибеморхонагӣ дода шудаанд.

Тарҳи идоракунии партовҳои соҳаи тандурустии БРСММ ба ҳалли масоили афзоиши бемайлони партовҳои тиббӣ ва хатарнок дар натиҷаи пандемияи COVID-19 нигаронида шудааст.

Набудани технологияи дастраси идоракунии партовҳои тиббӣ ва таҷҳизоти муосири ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои экологӣ, хусусан дорои қобилияти назорати партовҳои ба ҳаво ихроҷшаванда ба қишрҳои васеъи аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Иқдоми мазкур ба муассисаҳои тиббии кишвар имкон медиҳад, ки таҷрибаи муомилот бо партовҳои тиббиро беҳтар намуда, хатари пайдо шудани дигар бемориҳои сироятӣ ва таъсири сирояти коронавируси COVID-19-ро ба муҳити атроф ва солимии аҳолӣ паст намоянд.

Барчаспҳо:
партовҳо, бемориҳои сироятӣ, кумак, БРСММ, СММ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ