09:43 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1006 0 0

Бо фармони Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ, Қурбоналӣ Турдиалиев роҳбари шӯъбаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияи Ашт таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 4 фев – Sputnik. Манобеи Sputnik Тоҷикистон дар ҳукумати ноҳияи Ашт бо таъйиди ин хабар гуфтанд, ки роҳбари нави КАТС -ро нимаи дуюми дирӯз Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт дар як ҷаласа бо иштироки масъулини соҳа муаррифӣ намуд.

"Мавҷуда Аслонова, иҷрокунандаи вазифаи менеҷер КАТС-и ноҳия, бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин мақом озод ва ба ҷои ӯ, Қурбоналӣ Турдиалиев роҳбари КАТС таъин карда гардид", - гуфт манбаъ.

Мавҷуда Аслонова моҳи октябри соли 2020 бо фармони вазири тандурустӣ ҳамчун иҷрокунанда дар ин мақом ба ҷойи Шуҳрат Имомназаров таъйин шуда буд.

Қурбоналӣ Турдиалиев 25 декабри соли 1974 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1992 пас аз хатми мактаби рақами 1-и деҳа, ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 1998 бо ихтисоси духтури муолиҷавӣ- уролог хатм намудааст.

Барканории ду масъули тиббию санитарии Суғд

Турдиалиев, аз рӯи ихтисосаш дар Беморхонаи клиникаи Суғд ба номи Қутфиддинов курси интернатураро гузаштааст. Ӯ беш аз 20 сол ин ҷониб минҳайси духтури муолиҷавӣ - уролог дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт фаъолият кардааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта, Ҷамолиддин Абдуллозода ду сардори шуъбаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Аштро аз мақом барканор кард.

Он замон сабаби барканории ин ду масъули соҳаи беҳдоштӣ шарҳ дода нашуд. Мадаминова ва Имомназаров ҳарду наздик ба чор солӣ, дар вазифаи сардори КАТС дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт кор карда буданд.

Барчаспҳо:
Ашт, таъйиноти кадрӣ, Ҷамолиддин Абдуллозода

Мавзӯъҳои асосӣ