Қариб ним миллион ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID‑19 ошкор шуд

© REUTERS \ Carlos Garcia RawlinsРаботник в защитном костюме во время дезинфекции вокзала в Пекине, Китай
Работник в защитном костюме во время дезинфекции вокзала в Пекине, Китай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Обуна шудан
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи COVID‑19 дар ҷаҳон беш аз 489 ҳазор адад афзоиш ёфт. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар ягон ҳолат сабт нашудааст
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik.  Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, теъдоди умумии гирифторони COVID‑19 дар ҷаҳон аз 105,92 миллион нафар гузашт.
Торговля на рынке Мехргон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Коронавирус дошт? дар Тоҷикистон 85 тон гӯштро нобуд карданд
“Ба ҳолати пеш аз зуҳри 6 феврал, ба СУТ дар бораи 105 миллиону 926 ҳазору 858 сироятшуда ва 2 миллиону 309 ҳазору 328 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 489 ҳазору 783 нафар ва фавтидагон 14 ҳазору 426 нафар афзудааст”, - хабар додааст «Ховар» бо такя ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
Манбаъ афзуд, ки шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд, ки 27 миллиону 407 ҳазору 324 ҳолатро ташкил медиҳад.
Дар ҷои дуюм Ҳиндустон бо 10 миллиону 815 ҳазору 222 ҳолати сироятёбӣ қарор дорад.
Дар Бразилия 9,4 миллион ҳолати гирифторӣ ба COVID‑19, дар  Русия 3,9 миллион,  Британияи Кабир 3,9 миллион, Фаронса 3,2 миллион, Испания 2,9 миллион, Италия 2,6 миллион, Туркия 2,5 миллион, Олмон 2,2 миллион, Колумбия 2,1 миллион ва ва Аргентина 1,9 миллион ҳолати гирифторӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон гузориш медиҳанд, ки аз 10-уми январ то ҳол дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0