Русия мардеро, ки қасдан занонро олудаи СПИД мекард ба Тоҷикистон истирдод кардааст

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкЭкспресс-тестирование на ВИЧ
Экспресс-тестирование на ВИЧ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Обуна шудан
Мақомоти додситонии Русия мардеро, ки дар қасдан олуда кардани дигарон бо вируси норасоии масунияти одам ё худ СПИД муттаҳам мешавад, ба Тоҷикистон истирдод кардааст
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Аз шаҳрванди муттаҳами Тоҷикистон Шарифов ном бурда мешавад, ки ба иттилои додситонии Русия дар олуда кардани занон бо вируси норасоии масунияти бадан даст дорад.
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2019
"Гирифтори СПИД буду фоҳишагӣ мекард": парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми олуда кардани мард
Расонаҳои русӣ аз қавли Додситонии кулли Русия хабар додаанд, ки Шарифов ҳангоми иқоматаш дар шаҳри Самара дидаю дониста, ки вируси норасоии масунияти бадан дорад, ҳамзисташро низ сироят кардааст.
Инчунин таъкид шудааст, ки ин мард дар Тоҷикистон низ ду нафар занро олудаи вируси норасоии масунияти бадан кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Тоҷикистон бо қабули тағйирот дар қонун ҷазо барои қасдан олуда кардани шаҳрвандон бо вируси норасоии масунияти баданро сангин карданд.
Феълан барои дидаю дониста олуда кардани атрофиён бо ин беморӣ гунаҳкорон аз 8 то 10 сол равонаи зиндон мешаванд.
Қаблан дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои чунин аъмол аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0