12:22 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта 76 нафари дигар аз бемории коронавирус дар ин ҷумҳурӣ ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, теъдоди ҷонбохтагон аз коронавирус дар ин кишвар ба 58 ҳазору 412 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 983 бемори ҷадиди мубтало ба  COVID‑19 дар кишвар шиносоӣ ва аз ин теъдод 498 нафар бистарӣ шуданд. 

Бар ин асос, то кунун як миллиону 459 ҳазору 370 нафар дар ин кишвар ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шудаанд, ки то кунун 1 миллиону 247 ҳазору 374 нафар аз ин беморон,  беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд. 

Ҳамчунин бар асоси омори расмии кишварҳо вируси корона то кунун ҳудуди 106 миллион нафарро дар дунё мубтало кардааст ва беш аз ду миллиону 300 ҳазор нафар низ бар асари бемории  COVID‑19 дар ҷаҳон ҷони худро аз даст додаанд. 

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, шумораи аз ҳама зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд, ки 27 миллиону 407 ҳазору 324 ҳолатро ташкил медиҳад.

Дар ҷои дуюм Ҳиндустон бо 10 миллиону 815 ҳазору 222 ҳолати сироятёбӣ қарор дорад. Дар Бразилия 9,4 миллион ҳолати гирифторӣ ба COVID‑19, дар  Русия 3,9 миллион,  Британияи Кабир 3,9 миллион, Фаронса 3,2 миллион, Испания 2,9 миллион, Италия 2,6 миллион, Туркия 2,5 миллион, Олмон 2,2 миллион, Колумбия 2,1 миллион ва ва Аргентина 1,9 миллион ҳолати гирифторӣ ба қайд гирифта шудааст.

Барчаспҳо:
фавт, вируси корона, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ