09:47 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
483 0 0

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки дар пайи коронавирус дар Тоҷикистон дақиқан чанд табиб даргузаштанд

ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон тавзеҳ дод, ки дар давраи пандемия чанд тобеаш аз коронавирус даргузаштанд.

Вай таъкид кард, ки ин шумора аз 18 то 26 нафар дакка мехӯрад. Тавре вазир тавзеҳ дод, 18 ҳолати марги кормандони соҳаи тиб аз коронавирус тасдиқи худро ёфтааст.

"Дар умум 26 корманд даргузаштанд. Аз ин 18 ҳолат тасдиқ шуд, ки фавт дар натиҷаи коронавирус буд", - таъкид кард вай. 

Дар ҳамин нишаст дақиқ шуд, ки шумораи гирифторӣ ба коронавирус дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон чанд аст.

Вазир омори дақиқи гирифторӣ ба CОVID - 19 -ро дар минтақаҳои алоҳида гуфт

Ба қавли Абдуллозода, аз ҳама бештар дар вилояти Суғд ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

"Суғд - 4300, Душанбе - 3100, ноҳияҳои тобеи марказ - 1500 вилояти Хатлон - 1998 ва ВМКБ - 1196", - гуфт вай.

Барчаспҳо:
вируси корона, тандурустӣ, вазир

Мавзӯъҳои асосӣ