11:51 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
616 0 0

Вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, шаҳрвандони мамлакат бо ваксинаи сохти кадом давлат эм мешаванд

ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар мавриди дастрас кардани ваксинаи сохти Русия "Спутник V" гуфт, ки  ҳоло мақомоти ҳар ду кишвар ин масъаларо баррасӣ доранд ва натиҷаи ниҳоии он то ҳол маълум нест.

Абдуллозода мегӯяд, барои рӯшан шудани ин масъала, интизор меравад, намояндагони Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд ва танҳо пас аз мулоқоти рӯбарӯ, натиҷаи ниҳоии он маълум мешавад.

Дар Олмон мегӯянд, ваксинаи "Спутник V" дар воқеъ Ғарбро дар ҳайрат гузошт

Ҳоло бошад, ба таъкиди вазири тоҷик, 20 дарсади шаҳрвандони мамлакат аз ҳисоби ваксинае, ки дар доираи СOVAX ба Тоҷикистон интиқол меёбад, эм мешаванд.

Ба гуфтаи вазир, танҳо 8 фисади сокинони Тоҷикистон аз ҳисоби ваксинае, ки худи давлат онро харидорӣ мекунад, таъмин мешавад.

Вазири тоҷик тавзеҳ дод, ки Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX ҳудуди 1 миллиону 800 ҳазор шаҳрванданро эм мекунад. Дар маҷмӯъ бошад, 6 миллиону  714 ҳазор тоҷикистонӣ бояд алайҳи маризии коронаиврус ваксин гиранд.

Замони эмгузаронӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон маълум шуд: киҳо ваксин мегиранд?

Қаблан низ, Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар доираи механизми COVAX ҳудуди 732 ҳазор вояи ваксинаи алайҳи коронавирус ба Тоҷикистон ворид мешавад ва 20 дарсади шаҳрвандон эм мегиранд.

Қайд гардид, ки ба гурӯҳи одамоне, ки алайҳи коронавирус эм мегиранд, кормандони соҳаи тиб, маориф, шахсони гирифтори бемориҳои музмин ва аҳолии аз 50  - сола боло шомил мебошанд.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ, Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода

Мавзӯъҳои асосӣ