19:06 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (978)
411 0 0

Интизор меравад, Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар масъалаи хариди ваксина алайҳи коронаиврус кӯмаки пулӣ расонад

ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои харид кардани ваксина алайҳи маризии коронавирус 8,63 миллион доллар ихтисос медиҳад, гуфт Нигина Алиева котиби намояндагии бонки мазкур дар Тоҷикистон.

"Маблағгузории изофии 8.63 миллион доллар барои вокуниши изтирорӣ ба таҳдиди пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ тасдиқ шудааст, барои харид ва таъмини ваксинаҳои дар сатҳи байналмилалӣ тасдиқшуда алайҳи COVID-19 равона карда мешавад", - изҳор дошт намояндаи бонки мазкур.

Ба гуфтаи Алиева, лоиҳаи вокуниши изтирорӣ ба таҳдиди пандемияи СOVID-19 ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки барномаи эмгузаронии доираи муайяни одамонро пиёда кунад ва ҳамзамон шароити муассисаҳое, ки дар он ҷо эмгузаронии оммавӣ сурат мегирад, беҳтар кунад.

Гуфта мешавад, дар ҳамдастии ин лоиҳа, Тоҷикистон имкон дорад 4 дарсади шаҳрвандонро алайҳи коронавирус эм кунад.

Гузашта аз ин, ҳудуди 16 фисади шаҳрвандон дар доираи механизми COVAX бо ваксин таъмин мешаванд.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ бо истинод ба Вазорати тандурустӣ гуфт, дар марҳилаи аввал пизишкону кормандони соҳаи хизматрасонӣ, нафароне, ки бемориҳои музмин доранд ва ҳамчунин шаҳрвандони аз 50 - сола боло эм мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода низ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки 20 дарсади шаҳрвандони мамлакат аз ҳисоби ваксинае, ки дар доираи СOVAX ба Тоҷикистон интиқол меёбад, эм мешаванд.

Бовар накунанд омада бинанд: Абдуллозода гуфт, Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст

Ба гуфтаи вазир, танҳо 8 фисади сокинони Тоҷикистон аз ҳисоби ваксинае, ки худи давлат онро харидорӣ мекунад, таъмин мешавад.

Вазири тоҷик тавзеҳ дод, ки Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX ҳудуди 1 миллиону 800 ҳазор шаҳрванданро эм мекунад. Дар маҷмӯъ бошад, 6 миллиону  714 ҳазор тоҷикистонӣ бояд алайҳи маризии коронаиврус ваксин гиранд.

 

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (978)
Барчаспҳо:
кӯмак, маблағ, Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ

Мавзӯъҳои асосӣ