21:28 05 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
729 0 0

Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз нишасти матбуотии раёсати тандурустӣ дар вилоят гузориш дода, теъдоди гирифторшудагон ба коронавирус дар ВМКБ-ро 3 ҳазору 142 нафар арзёбӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Дар қаламрави вилоят ба ҳолати 8 январи соли ҷорӣ 3142 нафар ба COVID-19 мубтало гардидаанд, омадааст дар гузориши мақомоти иҷроияи ВМКБ.

Бар асоси ин гузориш аз теъдоди гирифторшудагон, 3090 нафарашон табобат ёфта дар ҳолати қаноатбахш аз беморхонаҳо ҷавоб шуданд.  Дар зимн теъдоди фавтидагон аз коронавирус 8 нафар арзёбӣ шудааст.

Коронавирус дар манотиқи Тоҷикистон - омори нав

Дар ҳамин суоле пайдо мешавад, ки агар теъдоди гирифторшудаҳо 3 ҳазору 142 нафар бошаду 3 ҳазору 90 нафар шифо ёфтаанду 8 нафар фавтиданд, тақдири 44 нафари дигар чӣ шудааст.

Ин номутобиқатие, ки мақомоти ВМКБ такрор кардаанд, қаблан низ баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда буд.

Мақомоти ВМКБ дар шарҳи баҳсҳо изҳор доштанд, ки дар соли 2020 дар ҳудуди вилоят 1198 ҳолати тасдиқшудаи сирояти коронавирус ва 1944 нафари дигар бо гумони мубталоӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва дартамосбуда ба қайди диспансерӣ гирифта шуданд.

Манбаъ таъкид кард, ки аз ҳисоби шумораи умумии ҳодисаҳои тасдиқшуда 1190 нафар сиҳат ёфта ба хона баргаштанд.

Дар мавриди 52 нафар фавтидагон мақомоти ВМКБ тавзеҳ додаанд, ки онҳо бо касалиҳои гуногуни роҳҳои нафас фавтидаанд, ки танҳо 8 нафар аз онҳо бо бемории тасдиқшудаи короновирус доштаанд.

Барчаспҳо:
ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ