08:29 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
380 0 0

Масъулони шаҳри Истиқлол дар шимоли Тоҷикистон мегуянд, дар замони хуруҷи бемории ҳамагир, ягон нафар ба каронавирус сироят нашудааст. Аммо дар бораи афзудани илтиҳоби шуш иброз намуданд

ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) шояд аз ягона шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи масъулин то имрӯз ягон мавриди сироятёбӣ ба каронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Валиназар Ғоибов, сартабиби шаҳри Истиқлол зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳарчанд ин ҳол тааҷубовар мебошад, вале омори гирифторӣ ба каронавирус сифр аст.

“То имрӯз ягон мавриди гирифторӣ ба каронавируси навъи COVID-19 дар шаҳри Истиқлол дарёфт нашудааст”, -зикр кард сартабиб.

Ғоибов ба суоли рӯзноманигорон дар бораи чи гуна эмин мондани ин шаҳр аз каронавирус дар Тоҷикистон посух дод.

Бино ба гуфти ӯ, шаҳри Истиқлолро танҳо як шоҳроҳ бо маркзи Суғд, шаҳри Хуҷанд мепайвандад ва аз замони хуруҷи беморӣ ба кишвар он таҳти назорати доимии кормандони беҳдоштӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қарор дода шудааст.

 “Мо омаду рафти сокинонро таҳти назорати қатъӣ гирифтем. Рафтани сокинони аз 50 сола болоро, ба шаҳри Хуҷанд манъ намудем”, -гуфт Ғоибов.

 Ҳарчанд дар ин шаҳр ҳолати сироятёбӣ ба COVID-19 қайд нашудааст, аммо шумори гирифторони маризи илтиҳоби шуш дар соли 2020 ба 43 нафар рақам зада мешавад, ки дар муқоиса ба як соли пеш (2019 -11 бемор) 32 ҳолат афзудааст.

Бино ба гуфти сартабиб соли гузашта 61 нафар аз ҷамъи бемориҳо фавтидаанд, ки дар ин миён ду ҳолат аз сирояти илтиҳоби шуш будааст. Соли 2019 теъдоди фавт аз бемориҳо 57 ҳолат қайд шудааст.

Бар пояи маълумоти расмӣ зимнан дар шаҳри Истиқлол 18 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Барчаспҳо:
сироят, вируси корона, беморӣ, вирус, Истиқлол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ