11:51 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
229 0 0

Коронавирус на танҳо ба организм зарба зада, шуш ва дилро корношоям мекунад, балки ба асаб таъсири ҷиддӣ мерасонад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Коронавирус на танҳо дар сатҳи физиологӣ, балки дар сатҳи биохимиявӣ низ зарба мезанад, мегӯяд сарпизишки рус Евгений Тимаков.

"Пас аз ду се моҳи сирояти коронавирус дар одамон депрессия, психозҳои гуногун, фобия, тарсу ҳаросро мушоҳида кардан мумкин аст", - мегӯяд мутахассис.

Ба гуфтаи пизишк, ин ҳолат бо далели норасоии ҳормони триптфан ва ҳамчунин вайрон шудани кори тамоми ҳормонҳои организм ба назар мерасад.

Хоб ва ихтилоли рӯҳӣ дар беморони гирифтори коронавирус на танҳо бо ихтилоли микросиркулятсия, балки бо он алоқаманд аст, ки вирус посухи масунияти баданро ба патоген тағир медиҳад.

Омили дигаре, ки ба вазъи беморони COVID-19 таъсир мерасонад, муҳити беруна мебошад.

Одам мушоҳида мекунад, ки чӣ гуна ин беморӣ дар дигарон мегузарад, метарсад, ки коронавирус ба ӯ низ ҳамон тавр зарар мерасонад, ки дар натиҷа шахс доимо дар ҳолати стресс қарор дорад.

Барчаспҳо:
беморӣ, пизишк, вируси корона

Мавзӯъҳои асосӣ