14:59 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
624 0 0

Дар Тоҷикистон қаблан ин намуд ташхис, ки барои сафар намудан ба хориҷа ҳатмӣ буд, 120 сомонӣ арзиш дошт

ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Абдумавлон Абдуллозода, сардори Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд бо таъйиди ин иттилоъ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ташхис коронавирус ройгон шудааст.

Ӯ афзуд, аз моҳи декабри соли гузашта бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон озмоиши коронавирус (ПЦР) дар ҳама озмоишгоҳҳои кишвар ройгон гузаронида мешавад.

"Пештар сокиноне, ки бо мақсади сафар кардан ба хориҷи кишвар гирифтани ин намуд ташхис лозим буд, 120 сомонӣ пардохт менамуданд. Ҳоло бештар аз ду моҳ аст, ки ин тахшис барои ҳамаи сокинон ройгон аст", -  гуфт Абдуллозода.

Бино ба иттилои манбаъ, соли 2020 баъд аз насб шудани таҷҳизоти лабараторӣ (ПЦР) беш аз 55 ҳазор озмоиш шуда, аз ин теъдод 7679 ҳолат натиҷаи ташхис барои COVID-19 мусбӣ муайян шудааст.

Масъулони Раёсати тандурустии Суғд мегӯянд, давоми нуҳ моҳи хуруҷи бемории ҳамагири навъи COVID -19, дар ҳудуди вилоят 4392 ҳолат ба ин беморӣ сироят шуда ва 30 нафар фавтидаанд.

Маъруфҷон Ҳоҷибев, муовини сардори Идораи тандурустӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуд, ки ин беморӣ бештар аз ҳама дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров, Панҷакент ва Истаравшан сабт шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз моҳи апрел то моҳи декабри соли 2020 дар кишвар 13 ҳазору 308 нафар ба бемории каронавирус сироят шуда, аз ин шумор 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, 90 нафар фавтидаанд.

Омори нави COVID - 19 дар Тоҷикистон: Вазорати тандурустӣ чӣ мегӯяд?

Вазорат мегӯяд, аз санаи 25 декабри соли 2020 ба ин тараф ҳеҷ мавриди сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Барчаспҳо:
ройгон, ташхис, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ