12 матлабҳо

Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов

Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан се сол мегузарад, вале то ҳол гумонбари асосӣ Александр Сёмин ҳукм нагирифтааст
Соли 2018, моҳи июл куштори як духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ҷомеаи Русия ва Тоҷикистонро такон дода буд. Ҳодиса дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дод. Духтарак бо падар ва модараш дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳр ба сар мебурданд.
Падари хонавода, Абдусалом Саидов то замони ҳодиса кор мекард, модари Ҳувайдо Нигина Абдусаломова фарзандонашонро нигоҳубин мекард.
Ҳувайдо Тиллозода аз майдончаи бозие, ки дар назди хонаашон буд, нопадид шуд ва баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадашро аз назди роҳи оҳани шаҳр пайдо карданд.
Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан 3 сол мегузарад, то ҳол гумонбари асосӣ Александ Сёмин ҳукм нагирифтааст.
Сёмин ҳудуди 2 солу се моҳ дар беморхонаи рӯҳӣ табобат мегирифт ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш ӯро солим эътироф карданд ва ба ҳабси пешакӣ гирифтаву парвандаро ба тафтишот баргардониданд.
20 матлаби дигар
Лентаи хабарҳо
0