05:22 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
В зале суда. Архивное фото

Додгоҳ парвандаи ёвари додситонро дубора ба баррасӣ мегирад

© Sputnik / Евгений Биятов
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомониро, ки дар ҳалокати як зани роҳрӯб дар садамаи нақлиётӣ айбдор мешуд ва мутобиқи Қонуни афв ба озодӣ баромад, дубора баррасӣ хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik.  Парвандаи Фирӯз Холиқзода, ёвари додситон, ки дар ҳалокати яке аз роҳрӯбони шаҳри Душанбе ва кӯмак накардан ба ӯ баъд аз садама айбдор шуда буд, аз сари нав бозбинӣ мешавад, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ ба истинод ба маркази матбуотии додгоҳи пойтахт.

Тафтиши дубораи парванда дар асоси шикояти Мирзо Муродов, ҳамсари Зеварбону Пирова — роҳрӯбе, ки дар натиҷаи беэҳтиётии Холиқзода  ба ҳалокат расид, амалӣ мегардад.

Ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки рӯзи 28 сентябр дар назди меҳмонхонаи "Ҳаятт Реҷенсӣ" дар маркази пойтахт бо "Мерседес"-и худ Зеварбону Пироваи 54-соларо пахш карда, боиси ҳалокати ӯ шуд, дар чаҳорчӯби қонуни афв аз  боздоштгоҳ раҳо шудааст. Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия гуфт, ки дар нимаи дуввуми рӯзи 4 ноябр Фирӯз Холиқзода аз боздоштгоҳ раҳо раҳо шуд ва додгоҳи Синои пойтахт парвандаи ӯро қатъ кард. Холиқзода 31 сол дошта, писари декани собиқи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ Кароматуллоҳ Холиқов мебошад.  

Мавзӯъҳои асосӣ