17:50 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Cпецоперация в Доме печати в Грозном

Дар Грозний 7 ҷангӣ кушта ва боқимондаи онҳо дар муҳосира афтодаанд

© Sputnik / Саид Царнаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Амалиёти вижаи мақомот алайҳи ҷангиён дар Грозний (2)
12 0 0

Ҷангиён савори се мошини сабукрав ба дидбонгоҳи нақлиётӣ (ДПС) дар Грозний ҳамла карда, сипас ба Хонаи матбуот панаҳ бурданд. Дар ин ҷо онҳо ба муҳосира афтода, сипас аз тири мақомот ба ҳалокат расиданд. Чанд шибҳинизомӣ бошад ҳоло дар яке аз мактабҳои маркази шаҳр пинҳон шудааст, амалиёти махсус алайҳи ҷангиён идома дорад.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Шаби гузашта (панҷшанбе, 3 декабр), дар Грозний, пойтахти Чеченистон ҷангиён ба дидбонгоҳи нозирони роҳ ҳамла кардаанд, ки дар ин ҳодиса аз 3 то 7 полис ба ҳалокат расидааст, менависад РИА Новости.

Ҳафт тан аз ҳамлагарон баъди ин дар Хонаи матбуот пинҳон шуданд.

Мақомот бо истифода аз силоҳ онҳоро нобуд сохтааст. Зимнан, чанде аз онҳо дар як мактаби пойтахти Чеченистон ба муҳосира афтодаанд.

Дар бораи гаравгонҳои эҳтимолӣ хабар дода намешавад. Ба қавли Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон ҷангҷӯён мақсад доштанд дар рӯзи Сарқонун, яъне 12-уми декабр амалиётҳои террористӣ анҷом диҳанд.

"Дар доираи баргузории амалиёти зиддитеррористӣ, ки мақомоти интизомӣ анҷом медиҳанд нест кардани ҷангиён дар назар гирифта шудааст",- изҳор дошт Кумитаи миллии зиддитеррори ФР.

Ба қавли Қодиров, ба ҳар як хонаводаи полисҳои кушташуда 1 миллион рубл ҷудо гардида, онҳое, ки дар амалиёти боздошт ва нобуд кардани ҷангиён ҷароҳат бардоштаанд барои муолиҷа ба Маскав интиқол меёбанд.

Дар ҳамин ҳол, сарвари Чеченистон гуфт дар амалиёт се полис ба ҳалокат расидааст. Аммо манбаъи РИА Новости шумори кушташудагонро 7 нафар арзёбӣ кард. Ба ғайр аз ин, 18 полис ҷароҳат бардоштааст.
Айни замон амалиёти ҳарбӣ дар Хонаи матбуот ба анҷом расида, тафтишу таҳқиқи маҳалли ҳодиса идома дорад.

 

Мавзуҳо:
Амалиёти вижаи мақомот алайҳи ҷангиён дар Грозний (2)
Барчаспҳо:
Сарқонун, полис, ҷангҷӯён, дидбонгоҳ, Чеченистон, Хонаи матбуот, Грозний, Қодиров

Мавзӯъҳои асосӣ