Гурба дар фурудгоҳи Владивосток 63 ҳазор рублро “нӯши ҷон” кард

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкГурба. Акс аз бойгонӣ
Гурба. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурбаи маҳаллӣ дар як шаб ба фурӯшгоҳ беш аз ҳазор доллар хисорот ворид кард. Ӯ қуттиҳои маҳсулоти баҳриро тагу рӯ намуда, қисме аз маводро хӯрдааст.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Гурба ба пештахтаи мағозаи фурудгоҳи байналмилалии Владивосток даромада, маҳсулоти баҳрии фурӯшгоҳро ба маблағи қариб 63 ҳазор рубл корношоям сохт, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба суханони фурӯшандаи дӯкон.

"Шабона пишак ба мағоза ворид шуда, қуттиҳои маҳсулотро тагу рӯ кардааст. Умуман, маҳсулоти ғизоиро чош дода, бархеи онҳоро "чашидааст". Моҳиҳои қоқ, қалмарҳо ва дигар намуди мавод дигар барои истифода нестанд. Аз ин рӯ маҷбур шудем, санад тартиб дода онҳоро партоем. Хисорот қариб 63 ҳазор рублро ташкил медиҳад",- гуфтааст ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Ба қавли ӯ, гурба дар атрофи фурудгоҳ зиндагӣ мекунад ва гоҳо вориди терминал мешавад.

"Ман гурбаро қариб ҳар рӯз мебинам, дафъаи охир шоми гузашта онро дида будам. Шояд дар ин ҷо касе ба гурба ғизо медод",- қайд кардааст фурӯшанда.

Лентаи хабарҳо
0