Як шаҳрванди Тоҷикистон аз тири сарҳадбони ӯзбак ҷароҳат бардошт

CC BY 2.0 / upyernoz / Tajik-Uzbek BorderНоҳияи ҳаммарзи Тоҷикистону Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ
Ноҳияи ҳаммарзи Тоҷикистону Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарҳадбонони ӯзбак ду марзшиканро, ки аз тарафи сарҳади Тоҷикистон ҳаракат мекарданд, ҳадафи ҳамла қарор додаанд, яке аз онҳо ҷароҳат бардоштааст

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбакистон дар пайи саркашӣ кардан аз дархости сарҳадбони ӯзбак, аз тири яроқи оташфишон ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст, хабар медиҳад оҷонсии 12news.uz.  

Ин ҳодиса 16 декабр дар қисмати аҳолинишини минтақаи Чамбили ноҳияи Хусти вилояти Сирдарёи Ӯзбакистон, ки бо ноҳияи Зафарободи Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, рух додааст.

Сарҳадбони ӯзбак дар марзи кишвараш 2 фарди ношиносро мушоҳида мекунад, ки аз ҷониби Тоҷикистон раҳсипор шудаанд, бо такя ба хадамоти матбуоти Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон менависад 12news.uz.

"Сарҳадбонон аз афроди ношинос дархост мекунанд, ки биистанд, онҳо ба ин амр итоат намекунанд ва кӯшиши пинҳон шуданро менамоянд. Бо ҳадафи иҷборан манъ кардани онҳо сарҳадбонон ба ҳаво тир мекушоянд. Дар пайи итоат накардани афроди ношинос сарҳадбонон ба сӯи онҳо оташ мекушоянд", — менависад сомона.

Дар натиҷа яке аз ин афрод — сокини ноҳияи Зафаробод Шокир Холиқов ҷароҳат мебардорад.

Баъд аз ёрии аввалияи тиббӣ, маҷрӯҳ ба беморхона интиқол меёбад, ки феълан вазъаш хуб арзёбӣ мешавад.

Нафари дигар бо иттиҳоми нақзи сарҳади давлатӣ — сокини ҳамон ноҳия Неъмат Ҳасанов боздошт шудааст.

"Мақомоти Ӯзбакистон дар ҳоли ҳозир корҳои тафтишотӣ анҷом медиҳанд. Бо ҳадафи дар оянда пешгирӣ кардан аз ин гуна ҳаводис, ҷониби Ӯзбакистон аз ҳамтоёни тоҷикӣ худ даъват мекунанд, ки бо аҳолии назди сарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд", — омадааст дар хабари 12news.uz.

Лентаи хабарҳо
0