03:20 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Сайт Одноклассники.ру, архивное фото

Дастрасӣ ба "Ютуб" ва "Одноклассники" дар Тоҷикистон маҳдуд шуд

© Sputnik
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Намояндаҳои ширкатҳои интернетӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси як дастури шифоҳӣ аз сӯи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии "Одноклассники" ва "Ютуб" маҳдуд карда шуд.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Сар аз субҳи рӯзи сешанбеи 30 декабр дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии "Одноклассники" ва "Ютуб" дар қаламрави Тоҷикистон ба мушкил рӯбарӯ шудааст, менависад Радиои Озодӣ.

Намояндаҳои ширкатҳои интернетӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси як дастури шифоҳӣ аз сӯи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии "Одноклассники" ва "Ютуб" маҳдуд карда шуд.

Намояндаи яке аз ин ширкатҳо гуфтааст, дар дастури шифоҳи Хадамоти алоқа таъкид шудааст, ки бо "сабабҳои профилактикӣ" ва "ба таври муваққат" ин сайтҳо бояд баста шаванд.

Корбарони интернет низ мегӯянд, бидуни "проксӣ" ва ё барномаҳои дигари махсуси садшикан, сар аз субҳи имрӯз наметавонанд вориди "Ютуб" ва "Одноклассники" шаванд. Онҳо мегӯянд, ки то шоми дирӯз ва ҳангоми шаб, бидуни ҳеҷ мушкил вориди "Ютуб" ва "Однокласникӣ" мешуданд.

Аммо дар дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабари баста шудани "Ютуб" ва "Одноклассиики"-ро такзиб карданд ва гуфтанд, ки ин амр мушкили дохилии ширкатҳои интернетӣ мебошад, ки бо пеш омадани масъала, ангушти иттиҳомро сӯи Хадамоти алоқа равон мекунанд.

Шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» ва ҳамчунон Ютуб, ки аз пуристифодабарандатарин шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дониста мешаванд, давоми соли ҷорӣ чанд дафъа масдуд шуда буданд.

Бори охир дар пасманзари сарусадоҳо ва даъват аз сӯи бархе гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои баргузории як гирдиҳамоӣ дар Тоҷикистон, дастрасӣ ба даҳҳо сомонаи хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет маҳдуд шуда буд.

Барчаспҳо:
дастрасӣ, масдудшавӣ, Хадамоти алоқа, Одноклассники, Ютюб, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ