Шашумин мотами миллӣ дар таърихи Фаронса

© AP Photo/Laurent CiprianiҲазорон нафар дар Париж хотираи қурбониёнро ёд мекунанд
Ҳазорон нафар дар Париж хотираи қурбониёнро ёд мекунанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи панҷшанбе дар Фаронса мотами миллӣ эълом шуд, аммо парчамҳо барои се рӯз дар саросари кишвар поён оварда мешаванд. Ин мотами миллии шашумин тайи 15 соли ахир дар Фаронса буда, тӯли таърих ҳамагӣ шаш маротиба дар ҷумҳурӣ мотам эълом гардидааст.

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Франсуа Олланд, президенти Фаронса дар робита ба марги 12 нафар, ки аснои ҳамла ба идораи маҷаллаи "Charlie Hebdo"  кушта шудаанд, рӯзи 8-уми январро дар саросари кишвар мотами миллӣ эълон кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Панҷшанбеи 8-уми январи соли 2015 ба хотири қурбониёни амали террористӣ дар Порис, ки рӯзи 7-уми январ рух дод, мотами миллӣ эълон мешавад ",- омадааст дар санади мазкур.

Бар асари ҳамлаи афроди ношинос ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии фаронсавии Charlie Hebdo ("Шарли Эбдо") дар Париж 12 нафар, аз ҷумла, сардабири маҷалла Стефан Шарбоне маъруф ба тахаллуси "Шарб" ва рассомон Жан Кабу, Жорж Волински ва Бернар Верлак ё"Тину" кушта шуданд.

Миёни қурбониёни ҳамла, ки баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе сурат гирифт, ду корманди полис ҳам ҳастанд. Вазъи чаҳор нафар аз 20 каси ҷароҳатбардошта вахим арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи шоҳидон, ба идораи маҷалла, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, чанд мард бо сарпӯшҳои  сиёҳ ва мусаллаҳ бо автоматҳо ворид шуданд. Баъд аз чанд лаҳза садои тирандозӣ баланд шуд, сипас одамони мусаллаҳ биноро тарк намуданд. Ҷустуҷӯи ҳамлагарон идома дорад.

Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, ба ҷойи ҳодиса омад ва ҳамларо амали террористӣ номид. Маҷаллаи "Charlie Hebdo" баъди нашри тасвирҳои танзомези паёмбари Ислом Муҳаммад(с) чандин бора мавриди таҳдидҳо қарор гирифта буд. Тибқи иттилои расонаҳо, моҳи ноябри соли 2011, баъд аз нашри тасвирҳои танзомез ба паёмбари Ислом Муҳаммад (с), афроди ношинос ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" бомб андохта буданд.

Лентаи хабарҳо
0