Талабаҳо нияти дуздидани мошинро доштанд

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкСабукрави тамғаи "ВАЗ-21011". Акс аз бойгонӣ
Сабукрави тамғаи  ВАЗ-21011. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се хонандаи мактаб қасди рабудани як нақлиёти шахсиисокини Душанберо доштанд, аммо аз ҷониби кормандони милиса боздошт шуданд.

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Се нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, истиқоматкунандагони Душанбе ҳамчун гумонбар дар рабудани воситаи нақлиёт дастгир гардиданд, менависад сомонаи ВКД.

Зимнан, бо ариза ба шӯъбаи корҳои дохилаи рақами 1 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Муродов Оламафрӯзи 19-сола, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст."Рӯзи 30-юми декабри соли 2014, шахсони номаълум аз назди бинои истиқоматиамон автомашинаи  тамғаи "ВАЗ-21011-ро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд".

Аснои  гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се нафар ноболиғ боздошт шудаанд.

"Ноболиғон Б.Ш. соли таваллудаш 1998, М.Д. ва С.О. соли таваллудашон 1999, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, истиқоматкунандагониДушанбе ҳамчун гумонбар дар рабудани воситаи нақлиёти мазкур дастгир гардиданд. Нисбати далели мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд",- менависад сарчашма.

Ба иттилои Вазорати умури дохила тайи соли гузашта дар ҷумҳурӣ 641 ҷиноят бо иштироки ноболоғон ба қайд гирифта шудааст, ки 404-тои он дуздӣ, 68-то ҳодисаи авбошӣ, 19 адад ғоратгарӣ, 6 далели марбут ба қочоқи нашъа ва 14-тои он ҳаннотӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0