17:42 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Московский метрополитен, архивное фото

Дар метрои Маскав шояд шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок нашуда бошад

© Sputnik
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия шахсияти зани ҳалокшуда дар метрои Маскавро бинобар надоштани санадҳои зарурӣ муайян карда натвонистанд.

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ҳуввияти зани қурбоншуда дар метрои Маскав ҳанӯз мушаххас нашудааст, қаблан дар бораи табааи Тоҷикистон будани ӯ сухан мерафт, менависад "Авеста".

Ин дар ҳолест, ки пулиси Маскав иттилоъ дод, дар метрои "Пушкин" шаҳрванди Тоҷикистон зери чархи метро монда ба ҳалокат расидааст.

"Зани ҷабрдида ба беморхонаи "Скилофосовский" интиқол ёфт, аммо ба ҳуш наомада аз дунё даргузашт",- қайд мешавад дар хабари қаблан паҳншуда.

Масъулини сафорати Тоҷикистон аз ҳодиса огаҳ шуда, ба беморхона барои маълум кардани шахсияти ҳалокшуда рафтанд, аммо ин ба онҳо муяссар нашуд.

"Дар ҷои ҳодиса маълум шуд, ки ин зан ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро надорад. Аз ин рӯ наметавон гуфт, ки ӯ шаҳрванди ҶТ ҳаст, ё хайр",- иброз доштааст Муҳаммади Эгамзод, намояндаи масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Ба қавли Эгамзод пулиси Маскав дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ҳодисаро идома дода, сабабҳои сар задани онро меомӯзад.

 

Барчаспҳо:
зани ҳалокшуда, метрои Маскав, сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Муҳаммади Эгамзод, Тоҷикистон, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ