00:58 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
901

Як капитани пулиси Тоҷикистон барои қатъ кардани парвандаи ҷиноӣ ришва талаб кард, вале ба ҳангоми гирифтани ин маблағ аз сӯйи маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди кишвар боздошт шуд.

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ба иттиҳоми гирифтани ришва маъмури бахши пулиси ноҳияи Сино-2 Ҷамолиддин Одинаев боздошт шудааст, хабар додааст маркази матбӯъотии Ожонси мубориза бо фасоди ҶТ.

Ба Ожонсӣ шаҳрвандон Н. Ҷалилова ва С. Ҷалилов муроҷиъат карда ва изҳор доштаанд, ки дар моҳи ноябри соли 2014 як маъмури бахши пулиси ноҳияи Сино-2 Ҷамолиддин Одинаев барои қатъ кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи бародари онҳо тибқи қонуни "Афв" 4200 доллар талаб мекунад.

8-уми январ ин корманди пулис аз сӯйи маъмурони Ожонси мубориза бо фасод зимни гирифтани 5500 доллари ришва аз Ҷалиловҳо боздошт шуд.

Нисбати Одинаев тибқи моддаи 247 қисми 4 қонуни ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқи он идома дорад, хабар додааст маркази матбӯъоти ниҳоди зиддифасод.

Барчаспҳо:
ришвагирӣ, Ожонси мубориза бо фасод, Ҷамолиддин Одинаев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ