03:55 08 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Ин сабқатро як сокини сарватманди ҷамоати Қаҳрамони ноҳияи Темурмалик созмон додааст ва дар он “човандозҳо”-и минтақаи Кӯлоб ширкат карданд. Ду нафаре, ки дар ҷараёни бозӣ захм бардоштанд, ҳаводорони бузкашҳои мухталиф будаанд.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар ин сабқати бузкашӣ дар ҷануби Тоҷикистон миёни ду гурӯҳ кордзанӣ ба амал омад ва ду нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Ин сабқатро, ба гуфтаи мақомот, рӯзи якшанбеи 8 феврал як сокини сарватманди ҷамоати Қаҳрамони ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон созмон додааст ва дар он "човандозҳо"-и минтақаи Кӯлоб ширкат карданд. Ду нафаре, ки дар ҷараёни бозӣ  захм бардоштанд, ҳаводорони бузкашҳои мухталиф будаанд.

"Дар замони муҳориба ду бузкаш ҳамдигарро бо қамчин мезананд. Аз ҳамин сабаб миёни ҷавонони деҳаи Сайроби ҷамоати Панҷоб  ва ҷамоати Қаҳрамон муноқиша ба амал омада, Наврӯзи Шарифбеки 23-сола, сокини ҷамоати Панҷоб Муҳаббатшо Ширинов, сокини ҷамоати Қаҳрамонро захмӣ мекунад",- иброз дошт Шоҳзамон Давлатов,  муовини сардори идораи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ.

Ба гуфтаи ин мақоми умури дохила, алайҳи Наврӯзи Шарифбек бар асоси қисми аввали моддаи 110-уми Кодекси ҷиноӣ (зарар расонидан ба саломатӣ) парванда боз шуда, ҳоло ӯ дар боздошт будааст.

Аммо алайҳи соҳиби маърака Муҳаммадҷон Саидов,бар асоси моддаи  481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ(риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо)  парванда тартиб дода, ба додгоҳ фиристодаанд.

Бузкашӣ сабқатест, ки дар он гурӯҳе аз ҷавонон ва ҳатто калонсолон барои аз дасти ҳариф гирифтану ба ҷойи таъиншуда расондани бузи сарбурида рақобат мекунанд.  Дар ин сабқат нафаре пирӯз мешавад, ки аз миёни издиҳоми бузурги човандозон бузро бигирад ва онро ба марра бирасонад.

 

Барчаспҳо:
кордзанӣ дар Хатлон, бузкашӣ, идораи корҳои дохилаи ноҳияи Ҳамадонӣ, Муҳаммадҷон Саидов, Наврӯзи Шарифбек, Муҳаббатшо Ширинов, Шоҳзамон Давлатов, Сайроб, Панҷоб, Темурмалик, Хатлон, Кӯлоб

Мавзӯъҳои асосӣ