Сокини Душанбе зери чархи тепловоз монд

© Sputnik / Юрий Лашов / Гузариш ба медиабонкҚитъаи роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ
Қитъаи роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин ҳодиса тахминан соати 17:40 дақиқаи рӯзи 16 феврал ба вуқӯъ пайвастааст.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Сокини 50-солаи пойтахт рӯзи 16 феврал зери чархи тепловоз монда, ба ҳалокат расид, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, Норбиш Менглиқулова, сокини 50-солаи шаҳри Душанбе, дар роҳи оҳан зери чархи тепловоз монда, ҷон додааст,  ин ҳодиса рӯзи 16 феврал, тахминан соати 17:40 иттифоқ уфтодааст.

"Тепловози "ТЭМ-2 УМ" таҳти идораи машинист Худойдод Мирзоев ва ёвари ӯ — Рустам Наҷмиддинов ҳангоми ҳаракат дар километри 4685-уми байни истгоҳҳои роҳи оҳани Душанбе-2 ва Душанбе-1 Норбиш Менглиқуловаро пахш намудааст. Дар натиҷа Менглиқулова ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад",- илова карданд дар ВКД.

Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.  

Лентаи хабарҳо
0