Президент: муовини аввал ва ҳамаи муовинони додситони кулл иваз шаванд

© Sputnik / Амир ИсаевПрокуратураи генералии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Прокуратураи генералии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин дастури президент зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон имрӯз, 17 феврал бо ҳузури раҳбарони мақомоти қудратӣ, дода шудааст.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки муовини якум ва ҳамаи муовинони прокурори генералӣ ва прокурорҳои вилоятҳо иваз шаванд, хабар медиҳад сомонаи расмии президент.

Ин дастури президент зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон имрӯз, 17 феврал бо ҳузури раҳбарони мақомоти қудратӣ, дода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки 24 январи имсол Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо фармони президент аз вазифа барканор ва Юсуф Раҳмонов бар ивази вай таъйин шуд.

Дар ҷаласаи имрӯзӣ, асосан масоили вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ, мубориза бо коррупсия ва ҳифзи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар ин соҳа баррасӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон коррупсияро "кирдори хатарноки зиддидавлатӣ" номида, гуфтааст, ин "амали нангин обурӯйи давлатро дар дохил ва хориҷи кишвар коҳиш дода", асосҳои давлатдориро заиф менамояд.

"Аз ин хотир, мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти иқтисодӣ ва умуман амнияти давлат аст", — гуфтааст президент.

Раисҷумҳур коррупсияро дар баробари терроризму ифротгароӣ аз ҷумлаи мушкилоти глобалӣ номида, алайҳи он "муборизаи беамон" эълон намудааст.

Қабл аз ҳама ин мубориза, бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва ҳамчунин дар таъин ва пардохти нафақаҳои маъюбӣ зоҳир шавад, гуфтааст президент.

Вай гуфтааст, барои пурра баргардондани маблағҳои зарари молиявии ошкоршуда чораҳои муассир амалӣ шаванд.

Лентаи хабарҳо
0