08:38 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Ду рӯз қабл, яъне 22 феврал дар километри 156-уми шоҳроҳи мазкур, тарма мошини боркаши “Дулан”-ро ба чуқурии 800 метр сарозер намуда, дар натиҷа се сокини Хуҷанд - ронанда Солеҳхуҷаеви 57-сола ва бародарон Нуралиевҳо - Иноми 40-сола ва Илҳоми 38-сола ба ҳалокат расида буданд.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд як мошини тамғаи "Газел" ба чуқурии 50 метр сарозер шуда, сабаби марги одамон гардидааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории маҳаллии Озодагон.

Ҳодисаи маргбор 23-юми феврал соати 11:45 дақиқа дар километри 158-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ рух додааст, вале наҷотдиҳандагон аз ин қазия тақрибан соати 12:28 дақиқа огоҳӣ ёфтаанд.

"Дар рафти роҳтозакунӣ маълум шудааст, ки "Газел" зери тарма монда, ба чуқуқрии 50-метр сарозер шудааст. Дар натиҷа, ронанда Ҳоҷӣ Ҳайдарҷон Шокирови 33-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, падараш Усмон Шокирови 56 —сола, ки ҳамроҳи ӯ будааст, дар беморхона ба ҳалокат расидааст",- меафзояд манбаъ.

Ин дуюмин ҳодиса маргбор дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд мебошад, ки тайи ду рӯзи барфрезии ахир ба қайд гирифта шудааст.

Қаблан, КҲФ хабар дода буд, ки дар километри 156-уми шоҳроҳи мазкур, тарма мошини боркаши "Дулан"-ро ба чуқурии 800 метр сарозер намудааст: "Дар натиҷа се сокини Хуҷанд — ронанда Солеҳхӯҷаеви 57-сола ва бародарон Нуралиевҳо — Иноми 40-сола ва Илҳоми 38-сола ба ҳалокат расидаанд".

Мавзуъ

Тармафароӣ дар Тоҷикистон ҷони се нафарро гирифт
Барчаспҳо:
тармафароӣ дар ҷода, зери тарма, ҳалок шуданд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, КҲФ, Усмон Шокиров, Ҳоҷӣ Ҳайдарҷон Шокиров, Душанбе, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ