09:49 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Ҷангиёни гурӯҳи террористии “АКАП” чанд ҳамла ба намояндагони қавми хусиҳо, шиаъҳои ошубгари Яман анҷом доданд. Ки дар натиҷа ҳудуди 30 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар пайи ҳамалоти террористии ҷангиёни "Ал-Қоида" алайҳи шиаъаҳои ошубгар ва хусиҳо дар вилояти Ал-Бейда дар қисмати марказии Яман дастикам 27 нафар кушта шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Аъзои гурӯҳи "Ал-Қоида дар нимҷазираи араб" (АКАП) ба варзишгоҳи шаҳри Ал-Бейда, ки онро хусиҳо ҳамчун бошгоҳи тамринотӣ истифода мекарданд, ҳамла карданд. 10 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба ҷуз аз ин, ба гуфтаи намояндаи идораи маҳаллии амниятӣ, маргхоҳ дар мошин дар назди издиҳом дар назди мактабе дар вилояти Ал-Заҳир маводди мунфаҷираро фаъол кард ва дар натиҷа боз ҳашт нафари дигар кушта ва 12 нафар захмӣ шуданд. Манбаъе аз нажоди маҳаллӣ гуфт, ки дар ҳамин минтақаи вилояти Ал-Бейда мошини ҳомили маъмурони хуситабор бо бомби канори ҷодда бархурд кард ва нӯҳ нафар хусиҳо кушта шуданд.

"Ал-Қоида" масъулияти ҳамалот ва инфиҷорҳоро бар зимма гирифт.

Аз моҳи август дар Яман тазоҳуроти мухолифатии шиъаҳо баргузор мешаванд, ки истеъфои ҳукуматро тақозо мекунанд. Ба ҷуз аз истеъфои ҳукумат, шиъаҳо лағви тасмими коҳиҳи ҷубронпулӣ барои харидории маводди сӯхтӣ, ки аҳолии камбизоъатро дастгирӣ мекарду будҷаро хароб карда буд, талаб мекунанд. Дар пайи ноамниҳо мақомоти Яман водор шуда буданд фурӯдгоҳи пойтахти кишвар ва ҳамчунин бархе аз ниҳодҳои давлатиро масдуд кунанд.

Дар Яман гурӯҳе бо номи "Ал-Қоида дар нимҷазираи араб" фаъолият мекунад. "Ал-Қоида" яке аз созмонҳои хатарноктарин дар ҷаҳон дониста мешавад. Дар тӯли солҳои арзи ҳастиаш ин созмон дар Ироқ, Яман, Алҷазоир, Марокаш, Тунис, Малӣ ва Нигерия нишони фаъолият кардааст. Амалиёти бузургтарини "Ал-Қоида" то ҳол амали террористии 11 сентябри соли 2001 дар ИМА дониста мешавад, ки дар пайи он ҳудуди 3 ҳазор нафар кушта ва 24 нафар нопадид шудаанд.

Мавзуъ

Мулоқоти Қодирӣ бо роҳбарони ВКХ ва ВКД-и Яман барои раҳоии Рофиева
Барчаспҳо:
ҷанг, ҳамалоти террористӣ, "Ал-Қоида", Яман

Мавзӯъҳои асосӣ