Расонаҳо: Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд

© Flickr \ Julian KingСтамбул. Акс аз бойгонӣ
Стамбул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қотил дар хиёбон аз паси мухолиф омад ва чизе ба забони тоҷикӣ гуфта ба сӯяш тир парронд. Қувватов дар назди пайвандонаш ҷон дод.

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бунёдгузори "Гурӯҳи 24" ва яке аз раҳбарони мухолифони давлат дар хориҷи кишвар Умаралӣ Қувватов шаби ҷумъа дар Истамбул кушта шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи Sabah.

Қувватов соати 2.30 ба вақти душанбе дар яке аз хиёбонҳои маҳаллаи Фотеҳ дар Истамбул бо зарби тир ба сараш кушта шуд. Ба иттилоъи нашрия, шоми гузашта вай ба масканаш яке аз ҳамватанони худ бо номи Сулаймонро даъват карда ва баъд аз хӯроки шом худаш ва аҳли хонаводааш бетоб шудаанд. Мухолиф зану фарзандонашро мехост то ба беморхона бубарад ва дар хиёбон аз сӯйи фарди ношинос кушта шуд.
Ба иттилоъи шоҳидони ҳодиса, фарди ношиносе аз ақиб ба назди Қувватов омад ва чизе ба забони тоҷикӣ гуфта тир парронд. Мухолиф дар ҷойи ҳодиса дар ҳузури пайвандонаш ҷон дод.

Реджеп Тайип Эрдоган. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамсари Қувватов аз Эрдуғон хост, шавҳарашро ба Тоҷикистон надиҳад

Ба маҳалли ҳодиса маъмурони пулис ҳозир шуданд. Аъзои хонавода изҳор доранд, ки ба ин қатл метавонад меҳмони шоми Қувватов даст дошта бошад, зеро вай ба ҳангоми хӯроки шом зуд-зуд бо телефон сӯҳбат мекарду рафтораш шубҳаовар буд ва ӯ метавонист ба ғизо заҳр изофа карда бошад. Ин шахс боздошт шудааст.

Қувватов раҳбари ҷунбиши мухолифи "Гурӯҳи 24" буд, ки соли 2012 баъд аз фирораш аз Тоҷикистон таъсис шуда буд. Дар Тоҷикистон Қувватов дар ширкати аз сӯйи пайвандони раиси ҷумҳур таъсисшудаи "Фароз", ки ба воридот ва фурӯши маводди сӯхтӣ машғул буд, кор мекард. Қувватов изҳор дошт, ки дар пайи фишорҳову таҳдидҳои раҳбарият водор ба тарки ватан шудааст. Соли 2012 вай нахуст ба Москав рафт ва вақте Тоҷикистон дархости истирдодашро кард — ба Дубай омад ва дар соли 2013 бо дархости мақомоти тоҷик дар он ҷо боздошт шуд. Вале дар ниҳоят вай боздошт нашуд ва ба Туркия кӯч баст ва дар моҳи ноябри соли 2014 ҳамроҳи се нафар ҳамтояш барои нақзи муқаррароти будубош боздошт ва баъд аз як ҳафта озод шуд.

Қувватов ва ҷонибдоронаш борҳо аз мақомоти Тоҷикистон шадидан интиқод карда онҳоро дар фасодкорӣ ва маҳаллгароӣ муттаҳам мекарданд. Дар авоили моҳи сентябри соли 2014 онҳо сокинони Душанберо ба гирдиҳамоии эътирозӣ дар назди порлумони кишвар дар рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон даъват карданд, вале ин ҳамоиш баргузор нашуд. "Гурӯҳи 24" дар ҳамон моҳ дар Тоҷикистон тундгаро ва фаъолияташ мамнуъ шуд.

Лентаи хабарҳо
0