17:59 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Дарзмол (уту). Акс аз бойгонӣ

Дар Истаравшан дарзмоли барқӣ сабаби марги як кӯдак шуд

© Flickr/ greg
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Дафтари матбуотии РВКД дар вилояти Суғд мегӯяд, дарзмоли ба барқ пайвастшуда боиси сӯхтор гардида, дар пайи он кӯдаки панҷмоҳа ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Рӯзи 8 март дар шаҳри Истаравашан бар асари сӯхтор як кӯдаки панҷмоҳа ба ҳалокат расид, менависад сойти ОИ "Авеста".

Ба қавли роҳбари дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд Акбар Шарипов, сабаби сар задани сӯхтор дарзмоли ба барқ васлшуда буда, дар пайи он кӯдаки панҷмоҳаи дар гаҳворабуда ба ҳалокат расидааст.

Фоҷиа шоми рӯзи ҳаштуми март рух додааст. Оиди ин қазия тафтишот идома дорад.  

Барчаспҳо:
сӯхтор, марги кӯдаки панҷмоҳа, фоҷиа, РВКД дар вилояти Суғд, ВКД, Истаравшан, вилояти Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ