09:25 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Интиқоли гумонбарон дар қатли Борис Немтсов ба додгоҳи Басманнаяи Маскав. Акс аз бойгонӣ

Алайҳи гумонбари севвум дар қатли Немтсов айб эълом шуд

© Sputnik / Максим Блинов
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Бар пояи ду модда дар қиболи гумонбари боздоштшуда дар қатли сиёсатмадори маъруфи Русия иттиҳом эълом шудааст, аммо дастгиршуда гуноҳашро эътироф намекунад.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар нисбати Ҳамзат Бахаев, гумонбари боздоштшуда дар марги Борис Немтсов расман айб эълон шуд, аммо ӯ иттиҳомро эътироф намекунад, гуфт адвокаташ Софя Рубасская ба РИА Новости.

"Муфаттиш дар нисбати зерҳимояи ман дар асоси ду моддаи ҷиноӣ- 105 (куштор) ва 222 (нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ) айб эълон кард. Баъд аз ин, ӯро ҳамчун гунаҳкор пурсуҷӯ карданд, дар ҷараёни пурсиш ӯ изҳор дошт, ки гунаҳкор нест",-гуфт вакили мудофеъ.

Дар мавриди паҳлӯҳои ин қазия иттилои дигаре дода намешавад.

Зимнан, дар пайи қазияи қатли Борис Немтсов панҷ нафар боздошт шудаанд. Инҳо, иҷрокунандаи эҳтимолии супориш- Заур Дадаев, Анзор Губашев, бародари вай- Шаҳид Губашев, Ҳамзат Бахаев ва Тамерлан Эскерханов мебошанд. Қаблан, Дадаев нишондоди эътироф дода буд, аммо баъдан аз он даст кашид.

Мухолифи сарсахти ҳукумати Русия, сиёсатмадор Борис Немтсов шаби 28 феврал дар маркази Маскав ба қатл расид. Дар солҳои 1990 ӯ дар мансабҳои мухталифи ҳукумати вақти ФР кор карда, шурӯъ аз соли 2000-ум ба сафи мухолифин пайваст.

Мавзуъ

Видоъ бо Борис Немтсов
Барчаспҳо:
эътироф накард, қатли Немтсов, боздошти гумонбарон, додгоҳи Маскав, Софя Рубасская, Шаҳид Губашев, Анзор Губашев, Тамерлан Эскерханов, Ҳамзат Бахаев, Заур Дадаев, Борис Немтсов, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ