Ба миллиардери иқроршуда ҳукми қатл таҳдид мекунад

© AP / Pat SullivanРоберт Дарст. Акс аз бойгонӣ
Роберт Дарст. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Миллиардер Роберт Дарст дар қатли ёвари худ Сюзан Берман муттаҳам мешавад. Вай дар гузашта низ борҳо ба далели таҳқиқоти мавориди куштор боздошт шуда буд.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Додситонии Лос-Анҷелес рӯзи душанбе алайҳи миллиардер Роберт Дарст, ки рӯзи якшанбе боздошт шуда буд, иттиҳомот эълом кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Ассошиэйтед Пресс.

Дарст ба қатли ёвари худ Сюзан Берман муттаҳам мешавад ва эҳтимол дорад ба қатл маҳкум шавад.

Миллиардер баъд аз намоиши филми мустанад тавассути шабакаи телевизионӣ боздошт шуд, ки дар он Дартс дар судури ин ҷиноят иқрор шуд.

Дарст аз соли 1980 таҳти назорати вижаи расонаҳо қарор гирифт, зеро дар он сол хонуми вай, ки ҳамроҳаш равобити хашин дошт, ба таври машкук ғайб зад. Ҳамчунин ӯро борҳо дар робита ба таҳқиқоти ҷадиди куштори мардум боздошт карда буданд. Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ дар мавриди қатли ёвари Дартс ҷониби иттиҳомот далоили шаръӣ дар даст надошт.

Соли 2002 Дарст ҳамсояи худро бо шиллики тир ба қатл расонида сипас ҷасади ӯро ба ҷузъҳо тақсим кард. Бо дарназардошти ин нукта, ки вакилони мудофеъ дар додгоҳ тавонистанд собит созанд, ки муҳокимашаванда ба манзури дифоъ ба ин ҷиноят даст задааст, миллиардер тавонист аз мӯҳлати тӯлонии ҳабси зиндон наҷот ёбад.

Лентаи хабарҳо
0