15:48 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Рӯзи сешанбе шахсе, ки бо ҷурми нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва фурӯши маводи мухаддир муттаҳам дониста мешуд, фирор кард.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Маҳбуси фирорӣ Владимир Беспалий, ки рӯзи сешанбе дар Владивосток пулисро ба ҳалокат расонида буд, пас аз қасди тирпарронӣ ба сари худаш даргузашт, иттилоъ дод намояндаи ВКД ФР ба РИА Новости.

"Беспалов кӯшиши худкушӣ кард. Ӯ ба ҳалокат расид",-иброз дошт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ

Беспаловро сокинони маҳаллӣ дар ошёнаи 12-уми бинои истиқоматӣ пайдо карданд. Вақте масъулини мақомоти қудратӣ ба ҷойи ҳодиса омаданд, ӯ аз ноҳия сараш захмдор ва дар наздаш як туфангча буд.

"Табибон аз гурӯҳи "Ёрии таъҷилӣ" барои наҷоти ҷони маҳбуси фирорӣ кӯшиш карданд, аммо ӯ ба ҳуш наомада дар ҷойи ҳодиса фавтид",- гуфт намояндаи Кумиссияи тафтишот.

Гумонбар дар нигаҳдоррии ғайриқонунии аслиҳа ва фурӯши ғайримуҷози мухаддирот, ки се дафъа ҳабс шудааст, рӯзи сешанбе аз нақлиёти мутаалиқ ба ВКД, ки ӯро ба нуқтаи дигар дар Владивосток интиқол медод, фирор кард. Қабл аз гурехтан Беспалов як пулисро ба ҳалокат расонида, тариқи нақлиётӣ ба ҷои номаълум ҷамъиятӣ панаҳ бурд. Як пои Беспалов аз зону поён сунъӣ буд, аз ин рӯ аснои роҳ гаштан мелангид.

Барчаспҳо:
фавтид, дар Владивосток, маҳбуси фирорӣ ҳалок шуд, Кумитаи тафтишотӣ, ВКД ФР, Владимир Беспалов, Владивосток, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ