00:06 22 феврали 2018
Пахши мустақим
Мисао Окава. Акс аз бойгонӣ

Кӯҳансолтарин сокини Ҷопон аз дунё даргузашт

© AP/ Kyodo News
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Мисао Окава, ки солҳои ахири умрашро дар хонаи пиронсолони шаҳри Осака сипарӣ мекард, рӯзи 5 март 117-солагиашро ҷашн гирифт. Ӯ он замон гуфт, ман худамро дарозумр ҳисоб намекунам.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Мисао Окава, пас аз як моҳи таҷлили 117-солагиаш дар Ҷопон кӯҳансолтарин сокини дунё, ки аз сӯи китоби рекордҳои Гиннес эътироф шудааст, рӯзи чаҳоршанбе аз олам даргузашт, иттилоъ медиҳад РИА Новости Украина бо истинод ба оҷонсии Киодо.

Окава, ки солҳои ахири умрашро дар хонаи пиронсолони шаҳри Осака сипарӣ мекард, рӯзи 5 март 117-солагиашро ҷашн гирифт. Ӯ он замон гуфт, ман худамро дарозумр ҳисоб намекунам.

Ин сокини Ҷопон 5 марти соли 1898 ба дунё омада, пас аз вафоти ҳамватанаш Дзироэмон Кимура (Jiroemon Kimura) дар соли 2013 унвони дарозумртарин сокини сайёраро соҳиб гардида, исмаш дар китоби рекордҳои ГИннес шомил шуд.

Окава соҳиби се фарзанд, чор набера ва шаш абера буда, солҳои ахир дар хонаи пиронсолони шаҳри Осака ба сар мебурд.

 

Барчаспҳо:
дарозумр, сокини куҳансолтарини Ҷопон вафот кард, Китоби рекордҳои Гиннес, Дзироэмон Кимура, Мисао Окава, Осака, Ҷопон

Мавзӯъҳои асосӣ