03:56 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Наҷотдиҳандагони ВҲФ ФР. Акс аз бойгонӣ

Фоҷиа дар баҳри Охота- киштӣ ғарқ шуд, 54 кас ҳалок гардид

© Sputnik / Максим Богодвид
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Шаби 2 апрел киштии бузурги “Далний Восток” дар баҳри Охота, дар 300 километрии Магадан дар обҳои баҳри Охота ғарқ шуд. Киштӣ дар вақти ғарқшавӣ бонги фалокат ирсол надошт.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Траулер, ё киштии бузурги "Далний Восток" дар 300 километрии Магадан, дар обҳои баҳри Охота ғарқ гардид, дар он 132 одам бо шумули 54 шаҳрванди хориҷӣ қарор доштанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Дар бораи садама соати 01:39 (дшб) шаби панҷшанбе хабар расид. Мақомоти кишвари Камчатка ба РИА Новости гуфтанд, дар киштӣ ҳамагӣ 132 нафар қарор доштанд. Аз инҳо 42 кас аз Бирма, се шаҳрванди Латвия, чор нафар аз Украина ва панҷ тани дигар аз Вануату мебошанд.

Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иброз дошт, ки ба эҳтимоли зиёд вазъи боду ҳаво ба ғарқшавии киштӣ мусоидат накардааст: амвоҷи баҳр дар замони сар задани фалокат 1,5 балл ва масофаи дид то 20 километрро ташкил медод. Ба ғайр аз ин, қабл аз ғарқшавӣ киштӣ бонги хатар эълон накард.

Пас аз садама аз маҳалли ҳодиса 54 ҷасади одамон ва 63 нафари зиндаро дарёфт карданд. Дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи дигар мусофирон ва сарнишинони киштӣ идома дорад.

Манбаъ мегӯяд, дар амалиёти наҷотдиҳӣ 800 мутахассис ва 17 намуди техника сафарбар гардида, киштиҳои "Гродно", "Новоуралск" ва "Иван Калинин" дар наздикии макони амалиёт қарор доранд. Чархболи "МИ-8" низ ба он ҷо парвоз кардааст.

Барчаспҳо:
54 кас ҳалок шуд, бонги хатар, киштӣ ғарқ шуд, "Далний Восток", Латвия, Украина, Бирма, кишвари Камчатка, баҳри Охота, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ