18:57 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Академик Соҳиб Табаров. Акс аз бойгонӣ

Даргузашти академик Соҳиб Табаров

© wikimedia.org
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Баъд аз марги ҳамсараш дар соли 2008 академик Соҳиб Табаров аз танҳоӣ гила дошт, соли гузашта аз ҳукумати Душанбе хоста буд, ки барояш як ёрдамчӣ диҳанд.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. 12-уми апрел адабиётшиноси шинохтаи кишвар Соҳиб Табаров дар синни 91-солагӣ вафот кард, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

"Ҷанозаи академик, адабиётшинос ва барандаи ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  дар зодгоҳаш дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ба хок супурда шуд",- меафзояд манбаъ.

Наздиконаш мегӯянд, рӯзҳои охир вазъи саломати оқои Табаров хуб набуд ва дар бемористон ба сар мебурд.

Соҳиб Табаров баъд аз даргузашти ҳамсараш Ванда Витолдовна Яблонская дар соли 2008 дар манзилаш дар "маҳалли километри ҳафтум"-и Душанбе ба танҳоӣ ба сар мебурд ва ҳатто соли гузашта дар айни таҷлил аз навадсолагии пойтахт аз Маҳмадсаид Убайдуллоев хоста буд, барояш хидматгор ҷудо кунад.  

"Табаров ин дархосташро дар як сӯҳбати телевизионӣ дар "ТВ Пойтахт" изҳор дошт ва гуфт, ба нафаре эҳтиёҷ дорад, ки либосҳои ӯро шуставу барои аз ҷой бархоста ва ғизо хӯрдан ва шустушӯяш кумак намояд"- омадааст дар хабари манбаъ.

Соҳиб Табаров  23-уми  ноябри соли 1924 ба дунё омадааст.

Вай соли 1943 Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм намуда, баъд аз он то соли 1985 дар вазифаҳои гуногун дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) фаъолият намудааст.

Аз соли 1953 то1980 мудири кафедраи адабиёти тоҷик, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ  буд.

Аз соли 1985 ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои ҶТ, дотсент ва мушовири кафедраи назарияи адабиёт ва адабиёти навини форсии тоҷик шуда фаъолият намудааст.

Вай муаллифи зиёда аз 850 асару таълифоти илмӣ, аз ҷумла дар китобҳои бунёдии «Пайрав Сулаймонӣ» (1962 нашри дувум 2013), «Ҳаёт, адабиёт, реализм» (дар панҷ ҷилд, солҳои 1966-1989), «С. Айнӣ — қофиласолори адабиёти советии тоҷик» (1977), Мунзим, Беҳбудӣ (2002) ва дигарон мебошад.

Соҳиби ду фарзанд Саодат ва Темур мебошад.

Мавзуъ

Муовини директори театри Маяковский аз сактаи қалб даргузашт
Бародари Кароматуллоҳи Қурбон дар 59-солагӣ даргузашт
Махсуми Муҳаммадикром, рӯҳонии маъруф дар синни 99 даргузашт
Суҳроб Шарипов, узви порлумони Тоҷикистон даргузашт
Сӯҳроб Қосимов, собиқ фармондеҳи ФХ даргузашт
Барчаспҳо:
узви вобастаи АУ Тоҷикистон, ҷанозаи ӯ дар зодгоҳаш ноҳияи Мӯъминобод баргузор шуд, Соҳиб Табаров аз олам даргузашт, даргузашти академики тоҷик, "ТВ Пойтахт", Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Ванда Витолдовна Яблонская, Соҳиб Табаров, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Мӯъминобод, вилояти Хатлон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ