07:29 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Амалиёт алайҳи ҷангиёни Толибон дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Расонаҳо: низомиёни афғон тайи як рӯз 80 ҷангиро куштанд

© Sputnik /
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Аз 34 вулусволии Афғонистон дар 11-тои он амалиёти вижаи мақомоти қудратии ин кишвар алайҳи ҷангҷӯён баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тайи як шабонарӯзи ахир, ки амалиёти махсуси мақомот алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ дар Афғонистон идома дошт, 7 сарбози артиш ба ҳалокат расид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Синхуа.

Дар гузоришҳо омадааст, ки дар ин муддат беш аз 80 ҷангӣ нобуд карда шудааст.

"Дар пайи баргузории амалиёти вижаи мақомот алайҳи тундравон дар Афғонистон 83 ҷангӣ кушта ва 116 нафари дигар захмдор шуданд. Инчунин, 5 тани эшон дастгир гардид",- менависад Синхуа бо такя ба изҳороти вазорати мудофиа.

Гуфта мешавад, аз 34 вулусволии Афғонистон дар 11-тои он амалиёти вижаи мақомоти қудратии ин кишвар алайҳи ҷангҷӯён баргузор гардид.

Қаблан, ҷиноҳи ҳаракати "Толибон", ки дар қаламрави Афғонистон фаъолият мекунад, дар бораи оғози ҳамлаҳои баҳорӣ алайҳи ҳукумат эълом карда буд. Мақомоти амниятӣ ва қудратии Афғонистон ба таври ҳамешагии амалиётҳои густурдаро алайҳи ҷангиён роҳандозӣ менамоянд.  

Мавзуъ

Беш аз 140 тан мухолифини давлати Афғонистон дар Кундуз кушта шуданд
Ҷангиёни хориҷӣ дар шимоли Афғонистон таҷаммуъ мекунанд
Афғонистон намегузорад, ки ҷангиён ба Тоҷикистон ҳамла кунанд
Барчаспҳо:
амалиёти вижаи мақомот, даргирӣ, ҷанги Афғонистон, кушта шудани 80 ҷангӣ дар Афғонистон, ҳаракати "Толибон", Кобул, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ