ВАО: се сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар дарёи Вахш ғарқ шуданд

© Sputnik / Игорь Михалев / Гузариш ба медиабонкДарёи Вахш
Дарёи Вахш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони пойгоҳи 201-и Русия гуфтанд, 3 нафар аз сарбозони эшон баъд аз тамрини низомӣ дар размоишгоҳи Сунбула дар дарёи Вахш ғарқ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Масъулони пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзи 30 июн тасдиқ карданд, ки се сарбози онҳо ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудаанд, менависад хабаргузории "Авеста".

Раҳбарияти Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон низ ин хабарро тасдиқ кардааст, аммо ба далели он ки ҷасадҳоро намояндагони пойгоҳ аз дарё берун овардаанд, то ҳол ному насаб, синну соли сарбозон ва шароити ғарқ шуданашон маълум нест.

Ин ҳодиса рӯзи 29 июн ҳангоми машқи низомии сарбозони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дар размоишгоҳи Сунбула иттифоқ уфтодааст.

Лентаи хабарҳо
0