17:08 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Садамаи нацлиётӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар як шабонарӯз 8 кас дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шудаанд

Пресс-служба МЧС РФ
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Тайи як шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои кишвар чанд садамаи нақлиётӣ рух дода, дар пайи онҳо қурбонии ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бар асари тасодумҳои нақлиёти дар ҷоддаҳои Тоҷикистон дар як шабонарзи гузашта 8 тан қурбон шудаанд, менависад сомонаи ВКД.

Ба қавли манбаъ, ронандаи 39-солаи сабукрави "Опел-Вектра", ки сокини Балҷувон буд, аснои ҳаракат аз Турсунзод ба тарафи Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт  набаромада, бо мошини  "Опел-Астра  бархӯрдааст.

"Дар натиҷа, сарнишини "Опел-Вектра" ва мусофирони он, зани 26-сола, писарчаи яксола ва духтараки 3-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд",- меафзояд манбаъ.

Ҳамчунин, рӯзи 30 июн ронандаи сабукрави "Опел", сокини 38-солаи Қумсангир, дар ҳудуди деҳаи Маданияти ноҳияи Бохтар бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи "Портер", таҳти идораи ронанда, марди 34-солаи сокини ноҳияи Румӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири сабукрав, писарчаи 7-сола ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилоъи манбаъ, дар масири Душанбе-Хуҷанд ронандаи автомашинаи "Мерседес-Бенс", дар мавзеи деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ ба тарафи рости роҳ баромада, ба чуқурии тахминан 3-метр чаппа шуда, дар дарёи "Фон" ғарқ шудааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, марди 30-солаи сокини ноҳияи Зафаробод ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Барои дарёфти ҷасади мусофирони дигари сабукрав: зани 27-сола, писарбачаи 6-сола ва духтарчаи 1-солаи сокинони ноҳияи Зафаробод чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд. 

Мавзуъ

Собиқ муовини вазири умури дохила дар садама ба ҳалокат расид
Барчаспҳо:
ҳашт кас ҳалок шуд, тасодум, сониҳа, садама, ВКД ҶТ, Такфон, Айнӣ, Қумсангир, Ёвон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ