23:09 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Сомонаи вазорати корҳои дохилиӣ менависад, ин шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. 17-уми июл дар кишвар, ки мардум Иди Фитрро таҷлил мекарданд, аз беэҳтиётӣ дар рӯду кӯлҳо 5 нафар ба ҳалокат расиданд, менависад сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Аз ҷумла 17-уми июл, соати 14:00-дақиқа, ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Ёхсу, аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

"Худи ҳамин рӯз соати 17.00 дақиқа, сокини 58-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон, воқеъ дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, соати 19:30 дақиқа ҷавонзани 31-сола ва ҷавони 22-сола, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми оббозӣ кардан дар обанбори "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" аз беэҳтиётиашон ғарқ шудаанд", — омадааст дар сомона.

Вазорати умури дохилӣ навиштааст, баъди зуҳри 17-уми июл, соати 16.00 дақиқа духтарчаи 8-сола, сокини ноҳияи Спитамен ҳангоми оббозӣ дар канали "Нов-1", воқеъ дар кӯчаи Х.Олимҷон дар об ғарқ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои нашршуда танҳо дар давоми 20 рӯзи моҳи равон ҳудуди 30 нафар дар Тоҷикистон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Барчаспҳо:
обҳо, 5 нафар, ғарқшавӣ, Иди Фитр, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ