23:47 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ

Расулзода ба Рашт ба маҳалли офат рафт

© Sputnik / Сергей Субботин
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
13 0 0

Гармои шадид, боришот ва обхезӣ дар чанд рӯзи ахир ба иқтисодиёти Тоҷикистон хисороти ҳангуфт ворид карда, ба замми ин сел ҷони 6 нафарро дар Ванҷу Рашт гирифт. Вазорати умури хориҷа аллакай аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостори кӯмаки фаврӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Субҳи рӯзи сешанбе ҳайати кории ҳукуматӣ бо роҳбарии нахуствазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба маҳалли аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рашт рафт, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Дар ҷамоати деҳоти Навдеҳи ноҳияи Рашт ҳайати кории ҳукуматӣ аз деҳаҳои Ҳалқарф ва Бедак, ки бар асари фаромадани сел зарар дида буданд, дидан карданд. Дар ин рустоҳо беш аз 50 хона қисман ва пурра зарар дида, 5 трансформатор корношоям гаштааст. Инчунин, дар инҷо 5 пул, 6 км хати интиқоли нерӯи барқ, 100 симчӯб, 5310 метр хатҳои обгузар ва роҳҳои маҳаллӣ хароб гаштаанд.

Мутаассифона, бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст. Қоҳир Расулзода ба хонаи нафари ҳалокшуда ташриф оварда, ба ин оила таъзия ва кӯмаки пулии  сарвари давлатро расонид.

Ба иттилоъи манбаъ, дар ҳоли ҳозир ба ҷойи ҳодиса кӯмакҳои ғизоӣ дар ҳаҷми 10 тонна расида, бунёди шаҳраки хаймаҳо дар деҳаи Ҳалқарф оғоз шудааст. Дар худи минтақа аллакай барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ 8 гектар замин ҷудо гаштааст.

Хисороти воридшуда дар саросари кишвар аз офатҳои табиӣ ҳудуди 100 миллион доллар арзёбӣ гардидааст.

Тамоми матолиби марбут ба мавзӯъро аз ин ҷо дарёфт карда метавонед>>

Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Барчаспҳо:
100 миллион хисорот, сел ҷони як нафарро дар Рашт гирифт, офати табиӣ, сел, нахуствазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, Бедак, Тоҷикистон, Рашт

Мавзӯъҳои асосӣ