05:04 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Последствия схода сели в селе Бердак. 23 июля 2015 года

Офати табиӣ дар Бедак: агар шаб мебуд...

© Sputnik Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
87 0 0

Офати табиии Бедак, ки баъд аз нисфирӯзии 20 июл сар зад ва боис ба марги як нафару тахриби беш аз 60 манзили зист гардид, бо вуҷуди бедодгариҳош як паҳлӯи мусбат дошт: ин офат рӯзона сар зад. Вагарна, ба таъкиди сокинон, талафоти ҷонии бештаре дар пай медошт...

"Аввал абри сиёҳ буд, баъд шамол шуд, баъд садои ба ҳам задани сангҳо баромад. Якбора доду фарёди мардум баланд шуд, танҳо он вақт фаҳмидем, ки сел наздик омадаст. Фақат ҷони солимамонро тавонистем, ки аз хона барорем", — нақл мекунад Санчагул Ҷӯраеваи 54-сола, сокини деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт, ки ҳамакнун аз хонаву дараш ному нишоне боқӣ намондааст.

Санчагул ва 3 духтари қадрасаш то рӯзи 20 июл дар як хонаи 2-ҳуҷраии фарсуда дар канори рӯдчае, ки боиси сар задани офати табиӣ шуд, истиқомат мекарданд. Се рӯз ин ҷониб шабро дар хонаҳои ҳамсояҳо саҳар мекунанд ва рӯзона наздикии ҷойи манзилашон меоянд, то бегоҳ интизор мешаванд, ки аз куҷо кӯмак мерасад ва бегоҳ, ки бе ҳеч натиҷа анҷом ёфт, дар ҷустуҷӯи ҷои хоби навбатӣ мешаванд.

Офати табиӣ зиндагии сангини мардумро сангинтар кард

"Пеш аз офати табиӣ ҳам зиндагии мо вазнин буд. Бо хайру саховати ҳамсояҳо рӯз мегузарондем. Шавҳарам мурдааст, писар надорам. Ҳоло ҳеч умед надорам, ки дубора бо нерӯи худам хона созам. Худоро шукр, ки зинда мондем, аммо агар кӯмак накунанд, намедонам аҳволи мо чӣ мешавад. Як умр намешавад дар хонаи ҳамсояҳо зиндагӣ кард", — бо оби дида нақл мекунад Санчагул.

Санчагул Ҷураева, сокини деҳаи Бедак, ки бо се духтараш бе сарпаноҳ мондааст
© Sputnik Амир Исаев
Санчагул Ҷураева, сокини деҳаи Бедак, ки бо се духтараш бе сарпаноҳ мондааст

Танҳо манзили Санчагул нест, ки зери хоку лойи сели рӯзи 20 июл мондааст, балки дар рустои Бедаки ноҳияи Рашт, тибқи маълумотҳои қаблӣ, бештар аз 60 манзил хароб ва як нафар кушта шудааст.

Мунавваршоҳ Сироҷов, маъюби дараҷаи аввал, ки ҳамагӣ 27 сол дошт, ҳангоми омадани сел дар хона танҳо монда буд. Модари Мунавваршоҳ Мустақим Ҷалолова мегӯяд, соати омадани сел бо ҳоҷате ба хонаи ҳамсоя рафта будааст. Вақте овозаи сел ба гӯшаш расид, дигар имкон надошт ба хонааш расад ва фарзандашро наҷот диҳад.

"Мурдаи бачама 50 метр поёнтар аз хонаамон ёфтанд. Бечора бачам, 27 сол дар ҷойгаҳ хоб буд. Кошки сел маро ҳам бо бачаам мекушт", — бо андӯҳ нақл мекунад Мустақим.

Аз манзили волидайни Мунавваршоҳ низ танҳо як қисмати девор боқӣ мондаасту аробаи маъюбии вай дар дохили хоку лой. Боқии аҳли хонавода иборат аз 18 нафар, аз он ҷумла 7 нафар кӯдаки хурдсол, шабро дар хонаи ҳамсояҳо рӯз мекунанд ва мунтазири кӯмак ҳастанд…

Занги телефони чӯпони деҳа ним соат қабл аз расидани офат

… Бахтиёр Тоиров, чӯпони деҳаи Бедак рӯзи вуқӯъи ҳодиса дар кӯҳсор чун ҳамеша машғули нигоҳубини чорво буд. Вай нақл мекунад, ки тақрибан соати 4-и нисфирӯзӣ дар 8 — километрии деҳа борони шадид ва жола борид. Дар натиҷа, қисмате аз кӯҳпора лағжида, ним соат дами оби рӯдчаеро, ки аз кӯҳ шорида ба миёнаи деҳ убур мекунад, банд намуд. Оби зиёде ҷамъ шуд ва якбора об аз банд раҳо гардида, сангу хоки сари роҳашро ба поён, ба дохили деҳа овард. Чӯпони деҳа ин манзараро аз баландӣ назорра мекард, аммо ҳич чорае аз дасташ намеомад, ба ҷуз аз занг задан тариқи мобайл ба ҳамдеҳаҳо.

"Ба телефони хонаи худамон занг задам, ки касе ҷавоб надод. Баъд ба телефони ҳамсоя занг задам. Гуфтам, мардумро огоҳ кунанд, ки сел фаромада истодааст", — нақл мекунад Бахтиёр.

Бахтиер Тоиров, житель села Бедак
© Sputnik Амир Исаев
Бахтиёр Тоиров, чӯпони деҳа, ки бо телефон ба ҳамсояҳо аз омадани сел хабар дод

Манзили вай низ ба пуррагӣ зери лой мондааст. Модар ва ҳамсару фарзандаш тавонистанд чанд сония қабл аз ғалтидани деворҳои хона ба берун бароянд

"Зарари моддии ба мо расида тақрибан 40 ҳазор доллари амрикоӣ аст. Ҳам пули нақд буд ҳам ашёи рӯзгору дару девори хона. Ҳама аҳли оиламон дар ҳамин либоси танамон мондем. Дигар ҳеч чизамон намондаст. Агар аз ҷониби давлат кӯмак нашавад, дар 10 соли оянда ҳам наметавонем ба ҳолати қабл аз офат барқарор шавем", — мегӯяд Бахтиёр.

Бедак баъд аз офати табиӣ: қисман хати барқ ва об таъмин шуд

Шумори дақиқи манзилҳои зарардида ҳанӯз аз ҷониби ситоди вижа тасдиқ нашудааст. Тибқи маълумоти сомонаи президент, дар деҳаи Бедак 50 манзил ба пуррагӣ ва 15 манзили дигар қисман зарар дидааст. Аммо сокинон мегӯяд, шумори хонаҳои зарардида дар маҷмӯъ ба 80 адад мерасад. Теъдоди ҳайвонҳои хонагиро, ки талаф ёфтаанд, то кунун дақиқ накардаанд. Шумори дарахтони мевадиҳандаро низ ҳамчунин. Оби ошомиданӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқ низ дар қисме аз деҳа хароб гардида аст.

Инвалидная коляска Муноваршоха Сироджева
© Sputnik Амир Исаев
Аробаи маъюбии Мунавваршоҳ Сироҷов, ки дар рӯзи ҳодисаи офати табиӣ кушта шуд

 

Ситоди вижа оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи мазкурро муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Шоев раҳбарӣ мекунад. Замоне ки хабарнигорони Sputnik Тоҷикистон (рӯзи 22.07.2015-шарҳи идора) дар мавзеи ҳодиса буданд, ситод аз маҳалли офатзада дидан мекард ва техника низ кӯчаҳои пур аз сангу хоки Бедакро пок месохт. Ба қисме аз маҳаллаҳо хати барқ ва об гузаронида шуда буд. Онҳое, ки нисбатан зарари кам дида буданд, бо неруи худ сангу хокро аз дохили ҳавлиҳояшон берун меоваранд. Ва аммо онҳое, ки зарари ҷиддӣ дида буданд, ба як қарори қатъӣ наомада буданд, ки чӣ кор кунанд.

Гарчи бархе хабарҳо ҳокӣ аз онанд, ки сокинон ба дохили хаймаҳо интиқол дода шудаанд, аммо то нисфирӯзии 22 июл зарардидагон дар хонаҳои ҳамдеҳагон қарор доштанд ва аз вуҷуди хаймаҳо дарак набуд.

Дар ҳамин ҳол, кӯшишҳои мо барои ҳамсӯҳбат шудан бо масъулини ҳукумати ноҳия ва ашхоси мутасаддӣ бенатиҷа анҷом ёфт ва суолҳои зиёде бе посух боқӣ монданд…

Супориш: то 6 ноябр хонаҳо сохта шаванд

Дар пайи офатҳои табиии охир, ки бештар навоҳии Шуғнону Ванҷ ва Рашт зиён диданд, ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумати Тоҷикистон барпо шуд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба зердастонаш дастур додааст, барои онҳое, ки аз ин офатҳо зарари ҷиддӣ дида ва манзилҳояшон комилан вайрон шудааст, то 6 ноябр хонаҳои нав бисозанд.

"Хонаҳои навсохт бояд бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз ва аҳли ин оилаҳо бо сару либос таъмин гарданд", — таъкид кардааст раисҷумҳур.

Вай ҳамчунин дастур додааст, ки тамоми масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҳисоби давлат ройгон таъмин мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин супориш додааст, ки аз ҳисоби президент ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ ва ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман вайрон шудаанд, 6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода шавад.

Сели Бедак: агар шаб мебуд…

Бо ҳамаи он зарардидагон, ки хабарнигорони Sputnik Тоҷикистон сӯҳбат карданд, ҳамагӣ як нуктаро ба такрор зикр мекарданд: "агар ин офат дар шаб рух медод, Худо медонад, ки мо зинда мемондем".

Аммо он сокиноне, ки дар канораҳои сел истиқомат доранд ва ба таври мӯъҷизавӣ офат ба онҳо зарар нарасонидааст, нигаронанд. Зеро, аз як сӯ онҳо ба макони дигар ва мутаносибан амнтар кӯчонида нахоҳанд шуд ва аз сӯи дигар таҳдиди такроршавии офат барои хонаҳои кунуниашон боқӣ хоҳад монд.

Полуразрушенный дом в селении Бедак
© Sputnik Амир Исаев
Хонаи нимавайрона дар деҳаи Бедак
Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Барчаспҳо:
тахриби манзилҳо, кумак, селхезӣ, сел дар Бедаки Рашт, хисорот, офати табиӣ, Мунавваршоҳ Сироҷов, Мустақим Ҷалолова, Санчагул Ҷӯраева, Бахтиёр Тоиров, Бедак, Ғарм, Рашт

Мавзӯъҳои асосӣ