08:25 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Тибқи иттилоъи ситоди кулли Туркия дар даргирӣ бо ҷангҷӯёни ҲКК се низомӣ кушта шудаанд – афсар, сержант ва сарбоз.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Се низомии туркӣ аз сӯйи ҷангҷӯёни курдӣ дар вилояти Ширнак дар ҷанубу шарқи кишвар кушта шудаанд, омадааст дар баёнияи ситоди кулл, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд.

"Сиюми июл дар пайи ҳамлаи ҷудоихоҳони созмони террористӣ (Ҳизби коргари Курдистон- шарҳи идора) се нафар низомӣ — афсар, сержант ва сарбоз, ки барои анҷоми умури иктишофии маҳал қабл аз гузаштани корвони низомӣ эъзом шуда буданд, кушта шудаанд. Гурӯҳи вижаи низомӣ, ки ба маҳалли ҳодиса тавассути чархболҳо ҳозир шуд, як нафар террористро маҳф сохтанд. Раванди ҷустуҷӯи афроди дигари ҳамлагар идома дорад", — омадааст дар баёнияи ин ниҳод.

Вазъият дар Туркия баъд аз вуқӯъи амали террористӣ дар Суруҷ дар марз бо Сурия, ки аз сӯйи "Давлати исломӣ" ташкил шуда буд ва қатли маъмурони пулис дар вилоёти ҷанубу шарқӣ, ки масъулияти онро ҲКК ба зимма гирифт, муташанниҷ шуд. 46 нафар, аз ҷумла 15 маъмури пулис ва низомиён қурбонии аъмоли террористон шуданд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Туркия аз рӯзи ҷумъаи гузашта мавзеъоти ДИ дар шимоли Сурия ва ҲКК дар шимоли Ироқро мавриди ҳамла қарор додаанд. Зарбаҳо тавассути ҷангандаҳои F-16 ва ҳамчунин бо истифода аз танкҳо ва тӯпҳо аз қаламрави ҳаммарзи Туркия анҷом дода мешаванд. Дар посух ба ин аъмол Ҳизби коргарии Курдистон дар сомонаи худ изҳор дошт, ки оташбас бо Анқара дигар "маънӣ надорад".

Мавзуъ

Дар пайи амалиёти вижае дар Туркия беш аз ҳазор нафар боздошт шуданд
Нерӯҳои ҳавоии Туркия барои бори нахуст ба мавзеъоти “ДИ” зарба заданд
Инфиҷор дар Туркия мунҷар ба марги 27 нафар гардид
Барчаспҳо:
кушта шудани се низомии туркӣ дар даргирӣ бо ҷудоихоҳон, ҷанг дар Ироқ, ҷанг дар Сурия, ситоди кулли Туркия, ҲКК, ДИ, Туркия, Ироқ, Сурия

Мавзӯъҳои асосӣ