07:04 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
56 0 0

Айни замон ҷустуҷӯи ғарқшудагони ҳодисаи садама дар дарёи Панҷ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз нӯҳ нафар ба дарёи Панҷ ғарқ шуда, ҷон бохтаанд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ВКД.

Ба иттилоъи манбаъ, ин ҳодиса шаби 7 ба 8 август рух дода, дар пайи он нӯҳ нафар ба ҳалокат расидаанд.

Нақлиёти  сабукрави "Опел-Астра", ки ба Маҳмадулло Ҷумъаеви 34-сола, сокини деҳаи Ширги ноҳияи Дарвоз таалуқ дошт, ҳангоми ҳаракат дар километри 319-уми шоҳроҳи "Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз"  ба тарафи рости роҳ аз баландии 12 метр ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.

Бар асари ҳодиса,сарнишини автомашина ва мусофиронаш: Воҳидова Оиниссо (1984), Ҷумъаева Ҳабиба (1976), Сурхова Раҳима (1982) — сокинони шаҳри Душанбе, Шокирова Садбарг (1978), сокини ноҳияи Шаҳринав, Мансури Адабҷон (2011), Наргисаи Умар (2012), Фотимаи Диловар (2014) ва Умедаи Диловар (2009) дар дарё ғарқ шудаанд.

Ҷасади ду нафар аз ҳалокшудагон дарёфт шуда, ҷустуҷӯи боқимонда идома дорад.

Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи "Долонг", сокини 30-солаи шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба тарафи Кӯлоб, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст.Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ мегӯяд, рӯзи 8 август, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Деҳотӣ ба самти кучаи Абайи пойтахт, дар ҳудуди кӯчаи Борбад аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. Бар асари ҷароҳатҳои сангин пиёдагард дар касалхона ҷон бохтааст.

Оиди ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.   

Барчаспҳо:
нақлиёт ба дарёи Панҷ сарозер шуд, дар сонеҳа 9 нафар дар Дарвоз ҳалок шуданд, садама, ВКД ҶТ, Сурхова Раҳима, Маҳмадулло Ҷумъаев, Воҳидова Оиниссо, Мансури Адабҷон, Ширг, Дарвоз, Турсунзода, Кӯлоб, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ