20:19 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Сохтмони бинои истиқоматӣ. Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷири тоҷик дар Балашиха аз ошёнаи 12 сарозер шуда ба ҳалокат расид

© Sputnik / Александр Кряжев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Аснои таъмири бино дар иншооти мавсум “Витяз”-и шаҳри Балашиха ҳодисаи нохуш рӯй дод. Бо сабабҳои номаълум, таҷҳизоте, ки дар ошёнаи 12 барои анҷом додани умури сохтмонӣ насб шуда буд, ба замин сарозер гардид.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки дар ошёнаи 12 як бинои истиқоматӣ дар вилояти Маскав ба кори сохтмон машғул буд, ба замин афтода, ба ҳалокат расид, иттилоъ медиҳад CA-News бо истинод ба сафорати Қирғизистон.

Манбаъ афзудааст, рӯзи 11 август дар ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Балашиха дар иншооти мавсум ба "Витяз" се муҳоҷири ба таъмири беруни бино машғулбуда, аз ошёнаи 12 ҳамроҳ бо таҷҳизот ба поён афтидаанд.

Ду шаҳрванди Қирғизистон дар пайи ин ҳодиса осеби ҷиддӣ бардошта, муҳоҷири тоҷик фавтидааст. Алъон, муҳоҷирини қирғиз дар беморхонаи №6-и Балашиха бистарианд.

Нисбати ин ҳодиса ва сабабҳои рух додани он парвандаи ҷиноӣ боз гардида, муфаттишони раёсати Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқ мебаранд.

Барчаспҳо:
аз ошёнаи 12 сарозер шудани муҳоҷирони корӣ, ду қирғиз осеби ҷиддӣ бардоштанд, ҳалокати як муҳоҷири тоҷикистонӣ, муҳоҷир, сафорати Қирғизистон дар Маскав, Қирғизистон, Балашиха, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ