ВКД: ҳалокати 3 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ

© Sputnik / Илья ПиталевСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷабрдида, марди 66-солаи сокини ноҳияи Бохтар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Тайи ду рӯзи истироҳат дар роҳҳои ҷумҳурӣ се садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваста, зимни онҳо 3 кас ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

Рӯзи 15 агуст, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" ҳангоми ҳаракат ҷодаи маҳаллии рустои Ваҳдати шаҳри Қӯрғонтеппа, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дучархасаворро пахш кардааст.

По дороге в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Айнӣ бар асари садама 4 нафар ҷон бохтанд

"Ҷабрдида, марди 66-солаи сокини ноҳияи Бохтар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",- менависад манбаъ.

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", марди 25-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти  шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи дигари тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи марди 25-солаи сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Астра"-и аввал, ҷавондухтари 17-солаи сокини ноҳияи Фархор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳар ду ронанда ва шаш тан аз мусофирони онҳо алъон дар беморхона бистарӣ мебошанд.

Ба ҳамин монанд, дар ҳудуди деҳаи Сурхии ҷамоъати деҳоти Қалъачаи калони Истаравшан ронандаи "Опел-Астра" аз  ӯҳдаи  идораи  воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст. Бар асари ҳодисаи нохуш ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Лентаи хабарҳо
0